Намояндагони мӯди Тоҷикистон бозорёбиро меомӯзанд

Презентация PowerPoint

Презентация PowerPoint

Бозоршиносон (маркетолог), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд, ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ дар як давраи омӯзишии дурӯза доир ба бозорёбӣ (маркетинг) дар саноати мӯди замонавӣ иштирок мекунанд, ки имрӯз, 18-уми май, дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи русӣ Fashion Consulting Group (www.fashionconsulting.ru)  дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) омода ва баргузор мекунад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи давраи таълимии мазкур тақвияти дониши иштирокдоронаш доир ба васила ва роҳҳои муваффақи бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ буда, иштирокдорон дар он доир ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ  маълумот мегиранд.

Анӯш Гаспарян, ҳаммуассис ва мудири тиҷоратии Fashion Consulting Group, ки давраи мазкурро ба намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таълим медиҳад, чунин мегӯяд: “Технологияҳои бозорёбӣ василаҳои асосии ба роҳ мондани соҳибкорӣ маҳсуб мегарданд. Ҳар як ширкат бояд доир ба мавқеъ ва мақоми худ дар бозор ва заъфу нерӯмандиҳояш маълумоти комил дошта бошад, то муваффақона рақобат карда тавонад. Дар ин давраи омӯзишӣ мо, ҳамчунин, доир ба тамоюл ва равандҳои иҷтимоӣ дар саноати мӯд, ба монанди таъсири ҷаҳонишавӣ ва фанновариҳои нав, тағйироти тасаввуроти гендерӣ, арзишҳои нав доир ба масъулиятҳои муҳитзистӣ ва сиҳҳатии кормандон ҳарф хоҳем зад. Нақша дорем, то фарқият миёни брендҳои люксу олӣ ва бозори омро нишон бидиҳем, ва масоили боло бурдани нуфуз ва обрӯи ширкат тавассути брендсозӣ, ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ, тиҷорати онлайн ва муҳиммияти расонаҳои хабариро низ мавриди баррасӣ қарор бидиҳем”. 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.eda.admin.ch, www.seco.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s