Шиносоии соҳибкорони тоҷик бо соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Қирғизистон

Як гуруҳи иборат аз намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 25-ум то 29-уми май бо ҳадафи шиносоӣ бо саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ва баррасии масоили ҳамкорӣ аз Қирғизистон дидан мекунад.

Сафари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ), ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад.

Ҳайъати Тоҷикистон аз намояндагони 13 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва ду донишгоҳи кишвар иборат аст.

Соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар солҳои ахир дар Қирғизистон басуръат рушд мекунад ва феълан, ҳудуди 100 000 то 150 000 нафар дар тақрибан 1 500 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар ин кишвар бо кор фаро гирифта шудаанд. Солона дар Қирғизистон ба маблағи наздик ба 190 миллион доллари  амрикоӣ маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ истеҳсол мешавад, ки қариб ҳамааш ба Русияву Қазоқистон содир мегардад. Дар солҳои ахир, корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон низ мутахассисони қирғизро ба кор даъват намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи ин сафар ҳайъати Тоҷикистон аз намояндагони беҳтарини саноати нассоҷиву дӯзандагии Қирғизистон – ба монанди корхонаҳои “Лариса Фэшн”, “Светланка”, “Модники”, “Ардамина”, “Назик”, “ВИВА ТЕКС”, “Текстил Транс”, ва “Айима” боздид ба амал оварда, бо намояндагони Вазорати иқтисоди Қирғизистон ва иттиҳодияҳои саноати сабуку тарроҳони мӯд ва Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон мулоқот мекунанд.  Корхонаҳои барои боздид интихобшуда ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун, ба монанди сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона, ҷӯроб, ва ғайра машғуланд.

Ин сафар ба ҳайъати Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то аз таҷрибаи шарикони қирғиз маълумоти нав бигиранд, омилҳои калидии рушди саноати дӯзандагӣ дар кишвари ҳамсояро биомӯзанд, ва бо ҳамкорони қирғиз робитаҳои нави тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барқарор кунанд.

Барои иттилоъи бештар доир ба ин сафар ва фаъолиятҳои дигари МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s