Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон ба Франкфурт меравад

Барои савумин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки моҳи феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

Рӯзи 21-уми июн, дар як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт бо роҳҳои омодагӣ ба намоишгоҳ ва иштироки фаъолу манфиатнок дар он  шинос шуданд. Дар он мушовири байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ Габриэла Бёрде ширкаткунандагонро бо имкониятҳои бозорёбӣ ва равандҳои байнулмилалии тарроҳӣ, ҳамчунин, бо натиҷаҳои охирини иштироки ҳайъати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ шинос кард.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ бо намоишгоҳ, маҳсулоти қобили намоиш, ва роҳҳои дарёфту қабули фармоишҳо ошно шуданд. Равандҳои тарроҳӣ, ва рушди тарроҳӣ, ҳамчунин, василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат низ дар маркази таваҷҷӯҳ буд.

Хонум Бёрде дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон ҳамчунин аз корхонаву муассисаҳоиҳунармандӣ дар Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд дидан карда, интихоби маҳсулот ва омодасозии онро бо иштироккунандагони эҳтимолии намоишгоҳ баррасӣ намуд.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s