Мӯди “нафис” бо “меҳр” аз Тоҷикистон

Навиштаи Нафиса Имронова

1425360285207Ман Нафиса Имронова ном дорам. 25 сола мебошам ва студияи муваффақи тарроҳии худро дар ватанам, Тоҷикистон, дорам. Ман боварӣ дорам, ки либосҳои ман, ки миёни ҳам мардуми хос ва ҳам ом маҳбубият доранд, зебо ва ҷолиб мебошанд. Маро барои иштирок дар озмунҳо ва намоишгоҳҳои мӯд даъват мекунанд, дар бораам дар расонаҳо менависанд, ва дар кӯча аз ман соядаст мепурсанд. Ман фикр мекунам, ман машҳурам. J.

Аммо ин муваффақият ба осонӣ ба даст наомадааст. Ман маҷбур будам, ки бисёр кор кунам, бисёр омӯзам, ва барои тифли шабҳои бехобиву талошҳои беандозаам “Fashion Jivj” нерӯ ва вақти зиёд сарф кунам.

Ман тарроҳи касбии либосҳо мебошам. Дар ин самт диплом ҳам дорам, ва вақте донишҷӯ будам, зуд-зуд ба давраҳои омӯзишие, ки аз сӯи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ баргузор мекард, мерафтам. Лоиҳаи МТБ, ки онро Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мекунад, ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон кӯмак мерасонад, то мавқеи худро дар бозорҳои беруна мустаҳкам намояд. Ман хурсандам, ки дар баробари соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, мӯд ва маҳслуоти ҳунарҳои дастӣ низ ба ин лоиҳа роҳ ёфтанд. Ҳамчун донишҷӯ ва иштирокчии давраҳои МТБ, нигоҳи ман ба саноати мӯд тағйир ёфт, фаҳмишам доир ба тарзу шеваи либосдӯзӣ ва талаботи бозор амиқтар гардид, омодасозии коллексияи либосҳо ва пешбурди брендро омӯхтам ва донишҳои зиёди дигар низ аз худ кардам. Ман ин ҳамкориро хеле зиёд арҷ мегузорам, аз ин рӯ, пас аз хатми донишгоҳ низ ба ҳайси соҳиби студияи мӯди хусусӣ ман робитаамро бо лоиҳаи МТБ нигоҳ доштам.

Хушбахтона, маро ба ҳайъати Тоҷикистон барои иштирок дар давраи омӯзишӣ дар Сингапур дар соли 2014 ворид карданд, ки аз он бо омӯзиши василаҳои нави омодасозии коллексия ва истифодаи матоъу аксессуарҳову бозӣ бо рангҳову тарҳҳо баргаштам.

Ман Нафиса ном дорам ва талош мекунам, то бо истифода аз омӯхтаҳои худ дар давраҳои омӯзишии МТБ барои муштариёнам либосҳои нафис таҳия бикунам. Ин донишҳо ба ман имкон медиҳанд, то аз нақшу нигорҳое кор бигирам, ки тавассути методи графикӣ иҷро карданашон имконнопазир аст. Вожаи дувум дар номи студияи ман “живч” – дар забони модарии ман – шуғнӣ маънои “ишқ” ва “меҳр”-ро дорад. Либосҳои ман бояд дилҳоро тасхир кунанд ва дӯстдоштанӣ бошанд. То ки кори ман ба номи ману номи студияам сазовор бошад, ман талош мекунам, то бо ҳама равандҳои наву таҷрибаҳои тоза дар олами мӯд ҳамқадам бошам ва дар ин роҳ лоиҳаи МТБ бо ёрии Ҳукумати Швейтсария ба ман ёрӣ мерасонанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s