Омодагиҳои Кумита оид ба соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистон ба шурӯъи фаъолият

Омодагиҳо ба оғози фаъолияти Кумита оид ба соддагардонии расмиёти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як мизи мудавваре дар Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои кишвар, 27-уми июл, дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Кумита оид ба соддагардонии расмиёти савдо комиссияи ҳукуматии байниидоравӣ буда, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мусоидатнамоии соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва расмиёти боркашонӣ дар савдои хориҷӣ равона гардида, инчунин ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст. Бо ҷамъории ниҳодҳои калидии давлатӣ ва бахши хусусӣ, ин Кумита дар роҳандозии ислоҳот ҷиҳати сарфаи замонӣ ва молӣ ҳангоми фаъолиятҳои фаромарзӣ ва боз кардани дари имкониятҳои нави тиҷоратӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон нақши муҳимме хоҳад дошт.

Дар нишаст аъзои пешниҳодии Кумита, ҷонибҳои дигари манфиатдор, ва намояндагони Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) шароити фаъолияти Кумитаро баррасӣ мекунанд. Вазифаҳои Кумита, талабот барои нишасти нахустинаш, узвият дар он ва муносибот миёни аъзо, ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ, ва ҳамчунин, нахустин нақшаи корӣ низ дар феҳраси мавзӯъҳои асосии рӯзномаи кори мизи мудаввар мебошанд.

Вазифаҳои асосии Кумита иборат хоҳанд буд аз: Иттилоърасонӣ аз сиёсатҳои соддасозии тиҷорат; мусоидат дар иҷрои уҳдадориҳои марбут ба Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; ба эътибор гирифтани мушкилоти бахши хусусӣ ҳангоми таҳияи сиёсати соддагардонии расмиёти савдо; иҷрои нақши пайвандгар миёни ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар муайян кардани самтҳои бартар барои маблағгузорон; таҳияи қоидаҳои раҳнамоӣ барои ниҳодҳои марбута; боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеа аз масоили марбут ба соддасозии тиҷорат; назорати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба созишномаҳои дуҷониба ва ғайра.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии фаъолияти Кумита оид ба соддагардонии расмиёти савдо ёрӣ мерасонад. Таъсиси чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат мебошад. Ёрии МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар баробари СТҶ бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон расонида мешавад.

Ҳамчун бахше аз ин ёриҳои фаннии МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси МТБ Амир Дурронӣ бо як сафаре дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аллакай бо намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон, бахши хусусӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои Кумита дидор карда, қадамҳои нахустини ин Кумита пас аз оғози фаъолияташро баррасӣ намуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Барои иттилоъи бештар доир ба ин хабар ва фаъолияти мо, лутфан, ба торнамои мо ва сафҳаи фейсбукии мо сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s