Корхонаҳои Tоҷикистон рангҳои мувофиқ ба завқи муштариёни аврупоиро меомӯзанд

Намояндагони шаш корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ аз Тоҷикистон рангпардозии мувофиқ ба меъёрҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупоро меомӯзанд. Давраи омӯзишӣ аз 15-ум то 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мегардад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ин давраи омӯзиширо бо ҳадафи мусоидат ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастӣ аз Тоҷикистон дар дарёфти роҳашон ба бозорҳои аврупоӣ ва тақвияти рақобатпазирии содиротияшон баргузор мекунад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад. Ширкати маъруфи ҳунармандии қирғиз – Тумар ба лоиҳа ҷалб шуда, ин давраи омӯзишӣ доир ба рангпардозиро мегузаронад.

Ин давраи омӯзишӣ ҷузве аз омодагиҳо ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии Ambiente мебошад, ки соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад. Ҳадаф аз он ҳам баррасии сабақҳои омӯхташуда аз иштирокҳои қаблӣ дар намоишгоҳи Франкфурт ва кор сари дарк ва офариниши рангҳои мавриди писанди аврупоиҳо мебошад.

Бар иловаи омӯзиши рангпардозӣ ва василаҳои гуногуни он, иштирокчиёни давраи омӯзишӣ  аз бозорҳо, фурӯшгоҳҳо, ва корхонаҳои шаҳри Бишкек дидан мекунанд. Дарси комили амалии рангпардозӣ низ ҷузви ҳатмии давраи омӯзишӣ мебошад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s