Иштироки анъанавии корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Текстиллегпром

Ҳайъате иборат аз корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 20ум то 23юми сентябр дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунад.

Корхонаҳои Тоҷикистон барои ҳафтумин бор бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Русия мебошад, мегарданд. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» (ҷӯроб ва ришта), “ХИМА-Текстил” (ришта), “Мафтуна” (либоси занонаву кӯдакона), “Меҳровар” (либоси махсус ва либосворӣ), “Нафиса” (ҷӯроб), “Нассоҷии Хуҷанд” (матоъ, либоси мардонаву занонаву кӯдакона), «Ноҳид» (трикотаж, либоси тагпӯши мардонаву занона),  “Олим Текстайл” (ришта, матоъи пахтагин), ва «РБТ Тоҷикистон» (ришта).

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои зикршуда дар намоишгоҳи Маскав бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад. 

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат шинос мешаванд.

“Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меорад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s