Доираҳои соҳибкории Tоҷикистонро бо созишномаҳои СТҶ шинос мекунанд

Силсилаи иборат аз шаш давраи омӯзишӣ ҷиҳати боло бурдани огоҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик аз қоидаву созишномаҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ), уҳдадориҳои Тоҷикистон ва таъсири он ба соҳаҳои муайяни иқтисоди кишвар имрӯз, 4-уми октябри соли 2016, дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария намояндагони бахши хусусии кишварро ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии онҳо аз созишномаҳои СТҶ доир ба тиҷорат ва хидматрасонӣ, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ин созишномаҳо, ва манфиату чолишҳо ва паёмадҳои эҳтимолии иҷрои ин созишномаҳо  гирди ҳам меоварад. Давраҳои омӯзишии мазкурро коршиносони Палатаи савдо ва саноат ва вазорату идораҳои марбута баргузор мекунанд. Силсилаи омӯзишҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа доир шуда, рӯзи 28-уми октябр ба анҷом мерасад.

Ҷанбаъҳои аслии иҷрои созишномаҳои зерин ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи давраҳои омӯзишӣ хоҳад буд: Созишномаи содагардонии расмиёти савдо, Созишнома доир ба соҳаи кишоварзӣ, Созишномаи умумии таъруфаҳо ва тиҷорат (ГАТТ), Созишномаи умумии хидматрасониҳои тиҷоратӣ (ГАТС), Созишнома доир ба ҷанбаъҳои тиҷоратии моликияти зеҳнӣ (ТРИПС).

Мушкилоти имрӯзи ширкатҳои содиротии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва имкони истифода аз узвияти кишвар дар СТҶ барои ҳалли ин мушкилот низ дар ин давраҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Барои иттилоъи бештар доир ба ин хабар ва фаъолияти мо, лутфан, ба торнамои мо ва сафҳаи фейсбукии мо сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s