Омодагии ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар намоишгоҳи Ambiente

Лоиҳаи МТБ ба ёриҳои худ ба Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкатҳои “Рухом”, “SOHSA/Озара”, “Помир Ҷемз” ва “Армуғон/АРТЗ” ҷиҳати омодагӣ ба иштирок дар намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти ҳунармандии Ambiente идома медиҳад. Ин намоишгоҳ дар моҳи феврали соли 2017 дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мешавад ва Тоҷикистон дар он барои савумин бор иштирок мекунад.

Габриэла Бёрде, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва рушди маҳсулоти ҳунармандӣ, ки аз 22-ум то 26-уми ноябр дар Тоҷикистон қарор дошт, бо иштирокдорони ояндаи намоишгоҳи Франкфурт машғулиятҳои машваратии инфиродӣ доир кард. Дар ҷараёни сафараш, бону Бёрде бо намунаҳои маҳсулоте, ки ширкатҳо барои намоишгоҳ омода кардаанд, шинос шуд ва барои беҳтар намудани онҳо тавсияҳо дод.

Хонум Бёрде, ҳамчунин, аз намунаҳои маҳсулот барои каталоги намоишгоҳ аксҳо гирифт. Як давраи омӯзишии нимрӯза низ доир ба шаклу тарҳи девораи намоишгоҳ ва ҷобаҷогузории маҳсулот дар он рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ин дуввумин сафари Габриэла Бёрде ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ буд, ки бо ҳадафи ёрӣ ба иштирокдорони Ambiente аз Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба намоишгоҳ сурат гирифт. Хонум Бёрде дар моҳи июни соли ҷорӣ низ аз Тоҷикистон бо ҳадафи интихоби ширкатҳои ҳамкор ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи Франкфурт боздид карда буд. Корхонаҳои интихобшуда ҳамчунин, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек рангпардозии мувофиқ ба меъёрҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупоро омӯхтанд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. 

Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s