Баррасии дастовардҳо ва чолишҳои барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон

Нақш ва саҳми Маркази Тиҷорати Байнулмилалӣ (МТБ) дар соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ва ҳунарҳои дастии Тоҷикистон, ҳамчунин, ёриҳои МТБ дар иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар назди СТҶ имрӯз, дуюми декабр, дар нишасти Кумитаи назоратии лоиҳаҳо (КНЛ) дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешаванд.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ, донишгоҳҳо, донор (Ҳукумати Швейтсария) ва МТБ узви Кумитаи мазкур мебошанд.  Кумитаи назоратии лоиҳаҳо бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаҳо, шаффофият дар кори амалигардонии онҳо ва замонати посухгӯ будани натоиҷашон ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст.

Феълан, МТБ дар Тоҷикистон ду лоиҳа амалӣ менамояд, ки ҳар дуи он аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешаванд.

Яке аз ин лоиҳаҳо дар самти тақвият додани рақобатпазирии содиротии соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ва ҳунарҳои дастии Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Саидраҳмон Назризода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо зикри саҳми МТБ дар рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии ҷумҳурӣ, чунин мегӯяд: “Мехоҳам, муҳим будани соҳаи мазкурро барои иқтисоди кишварамон таъкид кунам. Тоҷикистон кишвари пахтапарвар мебошад ва мо талош дорем, то тамоми занҷираи коркарди пахта, аз парвариш то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро дар даруни ҷумҳурӣ роҳандозӣ намоем. Ҳамчун бахше аз ҳадафҳои лоиҳавияш, МТБ, масъалаи муҳим – фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занонро низ ҳал мекунад. Ин ҳам яке аз дастовардҳои лоиҳа мебошад. Мехоҳам, ба МТБ ва СЕКО барои ёриҳояшон изҳори сипос намоям ва умедворам, ки ин ҳамкории пурмаҳсул дар оянда низ идома мекунад”.

Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, натиҷаҳои асосии лоиҳа дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар дар се соли ахирро чунин хулоса мекунад: “Мо ба ҳамкорони маҳаллӣ дар таҳияи “Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2015” мусоидат кардем, ба ниҳодҳои маҳаллии кӯмакрасони тиҷорат ёрӣ додем, то хидматрасониҳои нав пешниҳод намоянд, дар таҷдиди барномаҳои дарсии донишгоҳҳо саҳм гузоштем, ҳамкорӣ миёни марказҳои илмии Тоҷикистону кишварҳори хориҷиро тақвият додем, ва дар самтҳои авлавиятноки гуногун пажӯҳишу тадқиқот гузаронидем. 

Бо ёрии мо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба бозорҳои нави хориҷӣ ворид гардиданд ва дар бозорҳои минтақавӣ бештар рақобатпазир шуданд. Ин ҳам тавассути баланд бардоштани сатҳи дониши корхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла тарроҳӣ ва рушди маҳсулот, мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ, бозорёбӣ ва ғайра имконпазир гардид.”

“РБТ Ресандаи Тоҷикистон” навтарин истеҳсолкунандаи ришта дар Тоҷикистон мебошад, ки соли гузашта таъсис ёфтааст. Дар оғози сол ширкат бо мусоидати МТБ ҳамроҳ бо ҳайъати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул иштирок кард ва аллакай се моҳи баъдаш, мустақилона, бо кӯмаки ҳадди ақали МТБ дар намоишгоҳи дигари байнулмилалӣ дар Истанбул ширкат варзид. Мудири ширкат Баҳром Мамаҷонов мегӯяд: “Бо ёрии МТБ мо дар моҳи феврал дар Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ дар Истанбул иштирок кардем ва аз он ҷо бо шартномаҳои хуб ва таҷрибаи зиёди муфид баргаштем. Он нахустин қадами мо буд, ки ба мо муҳим будани намоишгоҳҳои байнулмилалиро нишон дод ва барои мусоидаташ дар иштироки мо дар намоишгоҳи дуввум мо ба МТБ сипосгузор ҳастем. МТБ, ҳамчунин, моро дар самтҳои дигар низ дастгирӣ менамояд, аз ҷумла, машваратҳо медиҳад, дар самти бозорёбӣ, брендсозӣ ва мудирияти сифат омӯзиш медиҳад ва дар барқарор кардани тамосҳои тиҷоратӣ кумак мерасонад”.

Муфарраҳ Муҳаббатов, раҳбари Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, ва мудири ширкати “Рухом”, аз ҳамкорӣ бо МТБ изҳори қаноатмандӣ мекунад. Ҷаноби Муҳаббатов, ки бо ёрии МТБ барои сафари дувумаш ба намоишгоҳи байнулмилалии “Ambiente” дар Франкфурт омодагӣ мебинад, мегӯяд: “МТБ ба мо махсусан дар тарроҳӣ ва рушди маҳсулот ёрии зиёде расонид. Мутахассисони МТБ тақрибан 10 дизайни навро таҳия ва ба мо пешниҳод карданд, ки хеле тарҳҳои зебо буда, таваҷҷуҳи дӯстдорони ҳунарҳои дастиро ҷалб мекунад. Таҷрибае, ки мо аз иштирок дар намоишгоҳи тиҷоратии “Ambiente” дар Франкфурт бардоштем, сабаб шуд, то мо истеҳсолро бо истифода аз таҷҳизоти нав ва бо назардошти талаботи бозор ба роҳ монем ва дар таҳияи тарҳҳои нав табъи муштариён, махсусан, муштариёни аврупоиро ба инобат бигирем”.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи дуввумаш, МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи пас аз узвият дар СТҶ мусоидаташро идома медиҳад. МТБ дар иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди СТҶ ва болобарии огаҳии доираҳои тиҷоративу давлатии кишвар доир ба қоидаҳо ва созишномаҳои СТҶ низ ёрии худро идома медиҳад. Дилшод Шарифӣ, раҳбари раёсати кор бо СТҶ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд: “Дар соли 2016 МТБ мусоидати худро дар баланд бардоштани дарки умумии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ доир ба созишномаҳои СТҶ идома дод. Мо муштаракан дар минтақаҳои гуногуни кишвар як силсилаи давраҳои омӯзишӣ доир ба Созишномаи содагардонии расмиёти савдо баргузор намудем, ва барномаҳои боло бардоштани сатҳи огаҳиро тавассути расонаҳои хабарӣ идома додем. Ҷиҳати таъсиси Кумитаи миллии соддагардонии расмиёти савдо (КМСРС) корро идома дода истодаем. Дар чаҳорчӯбаи сафари омӯзишӣ ба Малайзия, ки аз ҷониби МТБ созмон дода шуд, ҳайъати Тоҷикистон таҷрибаи Малайзия дар самти содагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла, таъсис ва фаъолгардонии КМСРС-ро омӯхт”.    

Барои иттилоъи бештар доир ба ин хабар ва фаъолияти мо, лутфан, ба торнамои мо ва сафҳаи фейсбукии мо сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s