Иштироки анъанавии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии ришта дар Истанбул (инфографика)

untitled-1Барои шашумин бор пайидарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул, ки аз 2-юм то 5-уми феврал баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байнулмилалӣ нишон медиҳад.

Шаш корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Ноҳид”, “Олим Текстайл”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Файзи Истиқлол – 2011” ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. “Ноҳид” ба намоишгоҳ барои дарёфти манобеъи нави маводи хом меравад ва панҷ корхонаи дигар маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолӣ пешниҳод мекунанд. Ба мисли солҳои қабл, ин сафари ҳайъати Тоҷикистон ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки: “Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда, ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Баҳром Мамадҷонов, мудири ширкати “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, мегӯяд, “соли гузашта, вақте мо дар ин намоишгоҳ барои нахустин бор иштирок кардем, аз он бо панҷ шартнома баргаштем, ки барои ширкати ҷавони мо муваффақияти бузурге буд. Имсол, ман мутмаинам, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфидтар хоҳад буд. Ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем”.

Ҷиҳати рушди тавоноии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани тамосҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба таҷҳизоти замонавӣ, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. 

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. 

Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s