Сафари савуми ҳунармандони тоҷик ба намоишгоҳи Франкфурт

Инфографикаро ин ҷо бибинед ва барои рамзи он ҷиҳати гузоштан дар торнамо бо мо тамос бигиред: https://infogr.am/61ecdcb6-f435-4bb7-925a-bf9bee24442b

1

Панҷ созмони ҳунармандии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 10-ум то 14-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунанд. 

Барои савумин сол пайидарҳам Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) иштироки ҳайъати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ созмон медиҳад. Шумори иштирокдорони ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон аз ду иштирокдори соли 2015 имсол то ба панҷ ширкату созмон расид. Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, бахши ҳунармандии Иттиҳоди сайёҳии водии Зарафшон мавсум ба “Армуғон”, ва ширкатҳои “Помир Ҷевелз”, “СОХСА/Озара” ва “Рухом“ Тоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби  Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.

Габриэла Бирде, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ, мегӯяд, “Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ омехтаи тарроҳии қадима бо мӯди ҳозиразамон, зардӯзиҳо бо нақшҳои миллӣ, кифҳо ва аксессуарҳо аз пӯст, маҳсулоти заргарии бо сангҳои нимақимматбаҳо ороёфта, шонаҳои чӯбин, маҳсулоти дастбофт аз пашм, ва маҳсулоти дигари дастиро ба намоиш мегузорад”.

Нигина Икромова, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, мегӯяд, “мо ба ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, ва ҳамчунин, барои намоиш додани зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариёни оянда омадаем. Ман мутмаинам, ки бо зебоии маҳсулотамон мо меҳмонони ин намоишгоҳро ба ҳайрат хоҳем гузошт. Ба МТБ барои фароҳам овардани ин имконияти вуруди ҳунарҳои миллӣ ба бозори аврупоӣ ибрози сипос менамоем”.

МБТ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Мутахассисони лоиҳаи МБТ намояндагони корхонаҳоро бо роҳҳои дарёфти нафъи ҳарчӣ бештар аз намоишгоҳ, сар карда аз тарҳрезии иштирок то ба имзои созишномаҳои нав, шинос карданд. МТБ ба ҳайъати Тоҷикистон дар интихоби маҳсулот ва беҳсозии он, таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима барои фурӯш, масъалаҳои ташкилотӣ, ва василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат мусоидат намуд. 

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. 

Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s