Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи ИДМ (инфографика)

Инфографикаро ин ҷо бибинед ва барои рамзи он ҷиҳати гузоштан дар торнамо бо мо тамос бигиред: https://infogr.am/9d01b3ae-3144-4f79-b607-1f70dc4031c0 

Корхонаҳои Тоҷикистон барои ҳаштумин бор бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад, мегарданд. Он аз 14-ум то 17-уми феврал дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Аз соли 2011 бад-ин сӯ, беш аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд, аксарашон се борӣ ва баъзеяшон низ то шаш маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Неку Хуҷанд”, “Ортекс” ва «РБТ Тоҷикистон» аз шаҳри Хуҷанд, «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Меҳровар” аз шаҳри Қурғонтеппа ва “Олим Текстайл” аз ноҳияи Мастчоҳ.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои зикршуда дар намоишгоҳи Маскав бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат баргузор мегардад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат шинос мешаванд.

Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меорад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд”.

Шаҳло Абиджанова, масъули “Олим Текстайл”, мегӯяд: “Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои корӣ бандем. Талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз павилйонҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон, боз, имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. 

Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s