Ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон роҳҳои беҳтар намудани фурӯши яклухтро меомӯзанд

Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дониши худро доир ба фурӯши яклухти самаранок бо иштирок дар як давраи омӯзишӣ, ки рӯзҳои 15 ва 16-уми март дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, боло мебаранд.

Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи русӣ Fashion Consulting Group дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) омода ва баргузор мекунад. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар давоми ду рӯзи давраи омӯзишӣ ва сипас, дар ҷараёни машваратҳои алоҳида пешсафони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон доир ба роҳандозии фурӯши яклухт, мудирияти он, беҳтар гардонидан ва назорати он маълумот гирифта, ҳамчунин, бо василаҳои ҳавасмандгардонии рушд ва пешбурди  фурӯши яклухт ошно мегарданд.

Наталия Чиненова, коршинос ва тренери Fashion Consulting Group доир ба технологияҳои тиҷоратии фурӯши яклухт, мегӯяд, давраи омӯзишӣ бахшҳои алоҳида оид ба роҳандозӣ ва мудирияти фурӯши яклухт, баҳогузории самаранокии стратегияи ширкат дар мавриди фурӯши яклухт, ва таҳлили ҷуғрофиёи бозорро фаро мегирад.

Хонум Чиненова мегӯяд: “Иштирокдорони давраи омӯзишӣ, ҳамчунин, таҳлил кардани пойгоҳи иттилоотӣ доир ба харидорони эҳтимолӣ ва муайян кардани нархгузориро меомӯзанд. Фурӯши яклухт бахши муҳими ба бозор баровардани маҳсулот буда, барои дастрасӣ ба муштарӣ василаҳои васеътар ва сареътарро фароҳам меорад ва ҷиҳати дарёфти фоидаи бештар ва зудтар мусоидат менамояд”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад. 

Барои иттилоъи бештар доир ба фаъолиятҳои МТБ ба торнамои мо ва сафҳаи расмии мо дар Фейсбук сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s