Наврӯз Муборак!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!

 

Хонандагони гиромии торнамои расмии барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон”! Ҳамкорони арҷманд! Дӯстони азиз!

Шумо ва аҳли оилаи Шуморо бо фарорасии Наврӯзи фархундапайк ва баҳори дилафрӯз табрик мегӯем ва ба Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро орзу дорем. Аз даргоҳи Яздони пок барои Шумо ва аҳли пайвандонатон раҳмат ва неъмату иноят металабем.

Бароятон Некбахтиву нексириштӣ, Амониву арҷмандӣ, Вафодориву висол, Росткориву равшанфикрӣ, Умеду умрдарозӣ, Заковату забардастӣ таманно менамоем.

Бигузор, чӣ орзуе, ки дар дил доред, ҷомаи амал пӯшад, ҳамеша дар лабонатон табассум гул бикунад, дар қалбҳоятон оромиш маскан бигирад, дар дидаҳоятон фараҳ шукуфта бошад ва дар болои сари Шумо кабӯтарҳои бахт дар парвоз бошанд.

Бигзор, Соли Нав соли сулҳу оромишу амният бошад. Бигзор, Соли Нав соли биниши нав ва афкори нав бошад. Бигзор, Соли Нав соли ишқ ва муҳаббат ва ҳамдигардӯстӣ бошад. Илоҳо, доимо сарбаланд бошед. Тансиҳату хонаобод ва пурнуру комрон бошед!

Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорем, ки боз ба Наврӯзи дигар мерасонад!

 

Наврӯзатон фирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s