МТБ ва Палатаи савдо ва саноат сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратиро боло мебаранд

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои муштараки худро ҷиҳати мутталеъ сохтани бахши хусусии кишвар доир ба вазъи феълии иқтисод ва ибтикорҳои ҳукумат дар чаҳорчӯбаи узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) идома медиҳанд. 

Сар карда аз фардо, 3-юми май, намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо тарҳҳои Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP)-и Иттиҳоди Аврупо ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисод аз ин низом метавонанд ба даст оранд, шинос мешаванд. Соҳибкорони тоҷик, ҳамчунин, бо василаҳои ҳимояи тиҷорат, ки дар чаҳорчӯбаи қонунии СТҶ дастрас аст, ба монанди антидемпинг, антисубсидия ва замонатҳо ошно мегарданд. Силсилаи семинарҳо доир ба низоми GSP-и Иттиҳоди Аврупо ва василаҳои ҳимояи тиҷорат дар чаҳорчӯбаи СТҶ барои корхонаҳои узви Палатаи савдо ва саноат, ширкатҳои содироткунанда ва иттиҳодияҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе (03/05), Қурғонтеппа (04/05) ва Хуҷанд (05/05) баргузор мегардад. Давраҳои омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ баргузор мешаванд, ки онро Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.

GSP низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. Ҳадаф аз роҳандозии ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор, ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад.

Мутобиқ гардонидани иқтисод ба воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ барои устувории иқтисоди Тоҷикистон ва дастёбӣ ба манфиатҳое, ки аз узвият дар СТҶ бармеоянд, аҳаммияти ҳаётӣ дорад. Фаъолиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳояш дар назди СТҶ ва ибтикорҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирии бахши хусусӣ дар маркази таваҷҷуҳи давраҳои омӯзишие буданд, ки МТБ ва Палатаи савдо ва саноат муштаракан дар оғози моҳи апрел баргузор карданд.

Иштирокдорони он силсила, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа баргузор шуд, бо ҳадаф ва вазифаҳои Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо, ки моҳи декабри соли 2016 ташкил шуд, шинос шуданд. Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо механизми ҳукуматии байниидоравӣ буда, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мусоидатнамоии соддагардонӣ, мутобиқсозӣ ва стандартизатсияи расмиёти савдои хориҷӣ ва расмиёти боркашонӣ дар савдои хориҷӣ равона гардида, инчунин ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи мазкур равона шудааст. Бо ҷамъории ниҳодҳои калидии давлатӣ ва бахши хусусӣ, ин Кумита дар роҳандозии ислоҳот ҷиҳати сарфаи замонӣ ва молӣ ҳангоми фаъолиятҳои фаромарзӣ ва боз кардани дари имкониятҳои нави тиҷоратӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон нақши муҳиме хоҳад дошт.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидат ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳангоми узвият ба СТҶ нақши калидиро бозид ва аз талошҳои кишвар дар иҷрои уҳдадориҳо пас аз марҳилаи узвият низ пуштибонӣ менамояд. 

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Барои иттилоъи бештар доир ба ин хабар ва фаъолияти мо, лутфан, ба торнамои мо ва сафҳаи фейсбукии мо сар бизанед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s