Таълими тарҳрезӣ ва мудирияти тиҷорат ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

DSC_1011

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Маркази Тиҷорати Байнулмилалӣ (МТБ), ки барномаҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд, давраи омӯзишиеро дар мавзӯъи мудирияти захираҳои инсонӣ ва таҳияи тарҳи тиҷоратӣ барои корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон баргузор мекунанд. Чорабинии 29-уми май дар шаҳри Хуҷанд идомаи айни давраи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ки 21-уми апрел баргузор гардида буд.

Дар ин чорабинии муҳим доир ба аҳаммияти ворид сохтани низоми муассири мудирияти захираҳои инсонӣ ва тарҳи стратегии тиҷоратӣ дониш ва маълумот пешниҳод мешавад. Ҳадаф аз он мусоидат ба корхонаҳои миёна ва хурд дар афзоиши маҳсулнокӣ ва рушди тиҷораташон мебошад.

Тренери давраи омӯзишии мазкур Раҳмат Хакулов, мудири ширкати маҳаллии ISD Consulting мебошад. Ӯ ба иштироккунандагони давра роҳҳои муайян кардани вазифа ва нақши менеҷери захираҳои инсонӣ ва иртиботи муассирияти нишондиҳандаҳои аслии рушди тиҷорат бо ҳавасмандии кормандонро нишон медиҳад. Ӯ, ҳамчунин, иштирокдорони давраи омӯзиширо бо василаҳои таҳияи тарҳи муваффақи тиҷоратӣ шинос карда, доир ба манфиатҳое, ки аз таҳияи тарҳи стратегии тиҷоратӣ ба даст меоянд, суҳбат мекунад. Ҷаноби Хакулов мегӯяд: “Омӯзиши пайвастаи соҳибкорон калиди муваффақияти тиҷораташон мебошад. Мутаассифона, аксари соҳибкорон ба сабаби серкорӣ ва иваз кардани ҷойи кор наметавонанд барои рушди худашон ба қадри лозимӣ таваҷҷуҳ намоянд. Ин боиси истифодаи номуассир аз имкониятҳои мавҷуда шуда, рушди динамикии тиҷоратро бозмедорад. Иштирок дар давраҳои омӯзишӣ доир ба тарҳрезии стратегии тиҷорат ва мудирият имкон медиҳад, то соҳибони тиҷорат ва мудирон ҳадафҳо ва стратегияи рушдро рӯшантар муайян намоянд, низом ва василаҳои мудириятро беҳтар гардонанд ва ба вазъи тиҷораташон аз берун нигоҳ карда, роҳҳои рушдашро муайян созанд.”

Соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷиҳати рушди маҳорати мудирияташон бетараф нестанд. Шаҳноза Орифова аз ширкати дӯзандагии “Мафтуна”, ки ҳафтаи қабл дар давраи омӯзишии шаҳри Душанбе иштирок карда буд, мегӯяд: “Соҳибкорони зиёде имрӯз бо мудирияти муассир, беҳтар гардонидани сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ, ва рақобатпазирӣ мушкил доранд. Барои ҳалли ин масъалаҳо омӯзишҳо дидан лозим аст. Барномаи ин давраи омӯзишӣ ба талаботи вазъи ҳозира созгор мебошад. Ман аз ин давраи омӯзишӣ доир ба тарҳрезии стратегӣ ва тиҷоратӣ маълумоти зиёди муфид гирифтам”.

БАТР дар ин чорабинӣ иштирокдоронро, ҳамчунин, бо маҳсулоти консалтингии худ шинос мекунад. БАТР соҳибкории хурду миёнаро тавассути беҳтар кардани дастрасияшон ба маблағ ва боло бурдани донишашон ҷиҳати афзоиши тиҷорат дастгирӣ мекунад. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дастгирии молӣ мебинанд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s