International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

AUDIO

Leave a comment

2015

Силсилаи савуми барномаҳои Радиои Ватан доир ба СТҶ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва радиои маҳаллии маъруфи «Ватан» ҳамкориҳои худро доир ба боло бурдани сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик ва шумори васеътари шунавандагон аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ идома медиҳанд. Як силсилаи нави вижагуфторҳои радиоӣ дар моҳи декабри соли 2015 дар бахши «Маърифати иқтисодӣ», ки аз ҷониби радиожурналисти маъруф Субҳони Ҷалил таҳия мешавад, пахш гардид. Барномаи мазкур ҳар субҳу шом дар рӯзҳои корӣ дар вақти тиллоӣ пахш гардид.

Барномаи якум доир ба ёриҳои байнулмилалӣ, бавижа Ҳукумати Швейсария ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва дар марҳилаи пас аз узвият мебошад. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Барномаи дувум Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон доир ба мутобиқсозии қонунгузориҳои кишвар ба талаботи СТҶ ва бандҳову тафсилоти он мебошад.

Барномаи савум дар мавзӯъи боло бурдани сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратӣ ва бахшҳои хусусиву давлатӣ доир ба СТҶ тавассути давраҳои омӯзишӣ ва расонаҳо мебошад.

Барномаи чаҳорум дар мавзӯъи тадқиқоту пажӯҳишоти анҷомшуда дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ мебошад.

Барномаи панҷум дар мавзӯъи омода кардани тренерҳои маҳаллӣ мебошад.

Барномаи шашум дар мавзӯъи фаъолияти Бунгоҳи иттилооти СФС дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аст.

Дар барномаи ҳафтуми силсилагуфтори вижаи Радиои Ватан шунавандагони сершумори ин радио бо Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.

Барномаи ҳаштум мавзӯъи Созишноми СТҶ доир ба соддагардонии расмиёти савдо ва талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Кумитаи миллии соддагардонии расмиёти савдо ва ёриҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар ин заминаро пӯшиш медиҳад.

Барномаи нӯҳум дар бораи монеаҳои техникӣ дар тиҷорат ва маркази иттилоотӣ доир ба ин мавзӯъ сӯҳбат мекунад.

Барномаи даҳум аз фаъолияти бунгоҳи иттилоотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қисса мекунад.

Силсилаи барномаҳои Радиои Ватан доир ба СТҶ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва радиои маҳаллии маъруфи «Ватан» ҳамкориҳои худро доир ба боло бурдани сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик ва шумори васеътари шунавандагон аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ идома медиҳанд.

Сар аз оғози моҳи июн радиои «Ватан» дар бахши «Маърифати иқтисодӣ», ки аз ҷониби радиожурналисти маъруф Субҳони Ҷалил таҳия мешавад, силсилаи нави барномаҳоро таҳти унвони «Калидвожаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ» оғоз кард. Барномаи мазкур ҳар субҳу шом дар рӯзҳои корӣ дар вақти тиллоӣ пахш гардида, дар ҳар як барномаи он Иноятулло Қосимов, раҳбари шӯъбаи СТҶ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ду-се истилоҳи СТҶ-ро бо забони тоҷикӣ ва соддаву фаҳмо шарҳ медиҳад.

2014

СИЛСИЛАГУФТОРИ ВИЖАИ РАДИОИ ВАТАН ДАР МАВЗӮЪИ УЗВИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СТҶ

Барномаи даҳуми Радиои Ватан ба силсилагуфтори вижаи журналисти маъруфи кишвар Субҳон Ҷалилов дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ хотима бахшид.

Ин барнома дар мавзӯъи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ буд, ки дар ҳоли ҳозир Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар таҳияи он ёрии фаннӣ мерасонад. Таҳияи стратегияи мазкур яке аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад.

Барномаи мазкур рӯзи 28-уми август субҳ ва шом дар Радиои Ватан садо дод.

Мушкилот ҳангоми интиқоли молҳо аз ҳудуди кишварҳои ҳамсоя, андозситонии шарики тиҷоратӣ ҳангоми воридот, мушкили дастрасӣ ба бозорҳои шарикони тиҷоратӣ, боҷи содиротӣ ва маҳдудиятҳои таруфавӣ барои молҳои воридотӣ аз ҷониби шарикони дигари тиҷоратӣ – ин феҳрасти баъзе аз монеаҳои асосии тиҷоратӣ дар роҳи соҳибкорони тоҷик ҳангоми содироти маҳсулот ва хадамоташон ба бозорҳои беруна мебошад. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ метавонад шуморе аз ин монеаҳоро аз байн бардорад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) монеаҳо дар тиҷорат, ки бахши хусусии Тоҷикистон ҳангоми содироти маҳсулот ва хадамоташ ба панҷ бозори интихобшудаи беруна дучор шудааст, ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо дар чаҳорчӯбаи узвияти Тоҷикистон дар СТҶро пажӯҳиш ва таҳлил кард. Аз панҷ кишвари мунтахаб дутояш узви СТҶ мебошад (Чин, Қирғизистон), сетои дигараш дар раванди узвият қарор доранд (Қазоқистон, Афғонистон, Эрон).

Барномаи навбатии Радиои Ватан дар ҳамин мавзӯъ буд, ки субҳ ва бегоҳи 27-уми август пахш гардид. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи ҳаштум рӯзи 26-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш Роҳнамои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ буд. Ҳадаф аз таҳияи ин Роҳнамо муаррифии манфиатҳо ва имкониятҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Намунаи англисии Роҳнамо аз 70 саҳифа иборат буда, он нахустин таҳлили бузургҳаҷме бахшида ба узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба ҳисоб меравад.

Дар Роҳнамои тиҷоратӣ, ҳамчунин, таъсир ва пайомадҳои узвияти Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалият дошта, ба мисли кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, металлургӣ, хадамоти тиҷоратӣ ва сохтмонӣ шарҳ дода шудаанд. Бар иловаи маълумоти умумӣ доир ба соҳаҳои мазкур ва дастрасии бозор ба онҳо, Роҳнамо боз чораҳое, ки дар сатҳи миллӣ барои мусоидат ба ин соҳаҳо рӯидаст гирифта мешаванд, ва пайомадҳои оянда барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандаҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи ҳафтум рӯзи 25-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ҳам манфиатҳо ва чолишҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз узвият дар ин созмони бонуфуз буд. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Дар барномаи навбатии силсилагуфтори вижаи Радиои Ватан шунавандагони сершумори ин радио бо тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.

Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) – низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. Ҳадаф аз роҳандози ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор, ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад.

Рӯзи 22-юми август мушовири миллии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Парвиз Камолиддинов меҳмони Субҳон Ҷалилов дар Радиои Ватан гардид, то дар мавзӯъи мазкур маълумоти бештар ва бо забони содатар бидиҳад.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи панҷум рӯзи 21-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ҳам манфиатҳо ва чолишҳои соҳаи мухобироти Тоҷикистон аз узвият дар ин созмони бонуфуз буд. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи чаҳорум рӯзи 20-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ҳам манфиатҳо ва чолишҳои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз узвият дар ин созмони бонуфуз буд. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи дуввум рӯзи 19-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ёриҳои байнулмилалӣ, бавижа Ҳукумати Швейсария ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва дар марҳилаи пас аз узвият мебошад. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи дуввум рӯзи 18-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ҳам манфиатҳо ва чолишҳои Тоҷикистон аз узвият дар ин созмони бонуфуз ва уҳдадориҳои кишвар дар баробари ин созмон СТҶ буд. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи нахустин рӯзи 14-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш ҳам санаҳои муҳимми узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз ва маълумоти мухтасар доир ба СТҶ буд. Ин барномаро ин ҷо бишнавед.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s