Лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Афғонистон” савдои минтақавиро дастгирӣ мекунад

AATЛоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Афғонистон” (AAT) аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, онро Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ҳамроҳ бо Вазорати тиҷорат ва саноати Афғонистон пиёда мекунанд. Ин лоиҳа бо назардошти талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати истифодаи тиҷорат ба ҳайси муҳаррики рушди иқтисод, ҳамкориҳо ва суботи минтақавӣ рӯидаст гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии ин лоиҳа пуштибонӣ аз ҳамгироии тиҷорати минтақавӣ мебошад, ки он барои бозсозии иқтисоди Афғонистон ва ҳамчунин, рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ муҳим дониста мешавад. Ин гуна рушд замоне метавонад рух бидиҳад, ки Афғонистон дар тиҷорати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ беҳтар ҳамгироӣ ёбад. Аз ин рӯ, лоиҳа бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Тоҷикистон, ҷиҳати мудирияти тиҷорати осонтар ҳамкорӣ мекунад.

Самтҳои калидии мавриди таваҷҷуҳ ҳамгироии минтақавӣ ва иҷрои созишномаҳои дуҷониба ва транзитӣ, иҷрои созишномаҳо ва меъёрҳои байнулмилалӣ, соддагардонии расмиёти савдо, ва бартараф кардани монеаҳои тиҷорат, махсусан дар самтҳои маҳсулоти асосӣ, ҳамчунин, эҳёи робитаҳои тиҷоратӣ миёни соҳибкорон мебошад.

Аз ин рӯ, ҳарчанд, ҳадафи асосии лоиҳа пуштибонӣ аз вуруди Афғонистон ба тиҷорати минтақавӣ мебошад, ин фаъолият (ки ба соддагардонии тиҷорати минтақавӣ равона шудааст) барои кишварҳои ҳамсоя, ки мехоҳанд бо Афғонистон ва тавассути Афғонистон бо ҳамдигар тиҷорат бикунанд, манфиат мерасонад.

Лоиҳа талош дорад, то ҳамкориҳои фаромарзии иқтисодиро тақвият бахшад ва ибтикорҳоеро рӯи даст бигирад, ки ба рушди иқтисоди ҳамаи ҷонибҳо таъсир бирасонанд.

  • Аҳаммият ба Тоҷикистон

Дар чанд соли ахир Афғонистон ба яке аз шарикони муҳимми тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтаст. Ин ҳол, аз ҷумла, натиҷаи бартараф кардани чолишҳои ҷуғрофӣ ҳам ҳаст.

Аммо, метавон ба натиҷаи аз ин ҳам бештар ноил гардид. МТБ аллакай ба таҳияи Стратегияи миллии содироти Афғонистон оғоз кардааст ва ин фаъолият дар соли 2017 идома меёбад. Дар ин санад талош хоҳад шуд, то масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб муайян шавад ва рӯи рушди самтҳои бартар барои ҳар ду кишвар таъкид гардад.

Иловатан, монеаҳои ғайритаъруфавии тиҷоратӣ, ки ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ таъсири манфӣ мерасонанд, низ муайян хоҳанд шуд ва дар баррасиҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байниҳукуматӣ ҷиҳати ислоҳот дар ин самт талош хоҳад шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои соддагардонии расмиёти савдо, лоиҳаи мазкур меъёрсозӣ, мувофиқсозӣ ва соддагардонии санадҳо ва равандҳои тиҷоратӣ миёни ду кишварро дастгирӣ мекунад. Пас аз иҷрои ислоҳот, натиҷаи ин фаъолият коҳиш ёфтани вақт ва арзиши содирот ва воридот миёни Тоҷикистон ва Афғонистон хоҳад буд.

Машваратҳои пайвастаи ҷонибҳои манфиатдор доир ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ низ барои муайян кардани ислоҳоти лозима ба хотири содда кардани тиҷорат миёни ширкатҳои содироткунандаи ду ҷониб баргузор хоҳанд гардид.

Барои иттилоъи бештар доир ба лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Афғонистон” аз ин торнамо дидан намоед:

http://intracen.org/AAT/ and https://www.facebook.com/groups/AdvancingAfghanTrade/

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s