Соддагардони расмиёти савдо: Ду қадам ба пеш

DSC_1439

Дар моҳҳои апрел ва июни соли 2017, Амир Зафар Дурронӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соддагардонии расмиёти савдо, аз Тоҷикистон ду бор боздид кард.

Дар ҷараёни сафари нахустинаш (4-9-уми апрели соли 2017), ҷаноби Дурронӣ бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, бахши хусусӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ мулоқот кард ва масоили марбут ба Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла ҷаласаҳо ва нақшаҳои кории ин Кумита, вазифаҳои бартари Кумита, ҳамоҳангии фаъолиятҳои ҷонибҳои манфиатдор ва масъалаҳои дигарро баррасӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин, дар нишасти дувуми Кумита, ки рӯзи 5-уми апрел баргузор шуд, иштирок кард ва дар он тавсияҳои худро ҷиҳати беҳтар ва муассиртар гардонидани фаъолияти Кумита баён дошт.

Дар ҷараёни сафари дувумаш (19-24-уми июни соли 2017), ҷаноби Дурронӣ барои аъзои Кумита ду давраи омӯзишӣ баргузор кард ва дар он фаъолияти рӯзмарраи Кумита ва бартарӣ додан ба масъалаҳои аввалиндараҷаро мавриди суҳбат қарор дод.

DSC_1460

Дар ҷараёни ҳар ду боздид, ҷаноби Дурронӣ, ҳамчунин, ба Шӯрои Кумита ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти Кумита ёрии машваратӣ расонид.

“Фаъолиятҳои зиёди ахир гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳояш дар назди СТҶ доир ба масъалаи соддагардонии расмиёти савдоро ҷиддӣ мегирад. Таърих ва таҷриба нишон медиҳад, ки ин раванд дар кишварҳои дигар заифтар буд. Иштироки васеъи бахши хусусӣ низ далели он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби ҳамаи ҷонибҳо ва шаффофият таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад”.

Амир Дурронӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соддагардонии расмиёти савдо

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s