Соҳаи нассоҷии Покистон дари бозори Тоҷикистонро мекӯбад

1Намояндагони соҳаи нассоҷӣ ҷузви калидии ҳайъати соҳибкорони Покистон буданд, ки дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон-Покистон дар таърихи 24-26-уми май иштирок карданд. Як мулоқоти тиҷоратӣ миёни соҳибкорони ду кишвар рӯзи 25-уми май дар Душанбе баргузор гардид ва ҳадафаш барқарор кардани тамосҳои тиҷоратӣ миёни намояндагони соҳаи нассоҷии Тоҷикистону Покистон буд.

Дар ин дидор, Абдулло Муҳаммадиев, муовини мудири ширкати “Нафиса”, иштирокдорони ҳамоишро бо соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, имкониятҳои маблағгузорӣ ва тавоноии соҳа шинос кард. Намояндагони соҳаи нассоҷии Покистон низ ширкатҳои худро муаррифӣ намуданд ва сипас, барои мулоқотҳои дуҷониба вақт ҷудо шуд.

Соҳибкорони ду кишвар бо қонунҳои марбутаи ҳамдигар, талаботи гумрукӣ, зарфиятҳои нигаҳдорӣ ва интиқоли мол ва масъалаҳои дигари логистикӣ шинос шуданд.

Пас аз ҳамоиш, як гуруҳи соҳибон ва мудирони ширкатҳои нассоҷии Покистон аз корхонаи “Ваҳдат-Текстил”, истеҳсолкунандаи нави ришта ва ҷӯроб дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, дидан карданд. Илҳом Мирзоев, соҳиб ва мудири “Ваҳдат-Текстил” меҳмононро бо корхона, раванди истеҳсолот ва маҳсулоти худ шинос кард. Ҷаноби Мирзоев гуфт, ба ворид кардани ранг аз Покистон таваҷҷуҳ дорад. Ҳар ду ҷониб барои ҳамкориҳо рағбат нишон доданд.

Шаҳид Иқбол, мудири кулли “Dream Enterprises”, ширкати тавлидгар ва содиркунандаи маҳсулоти нассоҷӣ барои хона аз шаҳри Қарочӣ, ки маҳсулоташро маъмулан ба ИМА, Канада ва Аврупо мебарад, гуфт, ин сафари аввалаш ба Тоҷикистон буд. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки бо бозори Осиёи Марказӣ ва Русия тавассути ин сафар бештар шинос мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Иқбол, пас аз таҳлили натиҷаҳои боздид ӯ шояд имконияти вуруд ба бозори Осиёи Марказиро баррасӣ бикунад.

2

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s