Тоҷикистон дар Tекстиллегпром: Нуҳумин бор, нуҳ ширкат

Корхонаҳои Тоҷикистон барои нуҳумин бор бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад, мегарданд. Он аз 29-уми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.

Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Лидер”, “Ортекс”, “Раҳимов А.А.” ва «РБТ Тоҷикистон» аз шаҳри Хуҷанд, «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Меҳровар” аз шаҳри Қурғонтеппа ва “Олим Текстайл” аз ноҳияи Мастчоҳ.

Корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳслуоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона мебаранд.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои зикршуда дар намоишгоҳи Маскав бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат баргузор мегардад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз павилйонҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард.

Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро мушовирони ширкатҳои “Business Consulting Group” (Хуҷанд) ва “ACT Development Group” (Душанбе) раҳнамоӣ мекунанд. Ҷалби ширкатҳои консалтингии маҳаллии ҳамкор ба раванди омодагӣ ва иштироки ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои тиҷоратии миллӣ ва байнулмилалӣ тавоноии онҳоро дар самтҳои гуногуни тиҷоратӣ, ба монанди иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ва бозорёбӣ баланд мебардорад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s