Баррасии роҳҳои рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон

Соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар чӣ вазъ қарор дорад? Барои беҳтар кардани вазъ чӣ чораҳо бояд андешид? Дар ин иртибот кӣ чӣ кор карда метавонад? Фардо, 10-уми октябр, дар як мизи мудаввар дар шаҳри Душанбе намояндагони ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба ин суолҳо посух меҷӯянд. 

Дар мизи мудаввар дар  иртибот ба баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои хусусӣ, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок карданд.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи ҳафтаи соҳибкорӣ, бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, зери патронажи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ва дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) баргузор мегардад.

Дар ин мизи мудаввар пешсафони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбута вазъи феълии соҳа ва роҳҳои рушди онро баррасӣ мекунанд. Бар иловаи муаррифии фазои кунунии истеҳсолот, тиҷорат ва бозорёбӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби ширкатҳои таҷрибадори соҳа, ҳамчунин, намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои навин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ва Кумитаи андоз низ доир ба барномаҳои давлатӣ дар иртибот ба соҳа ба ҳозирин иттилоъ медиҳанд.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Раёсати Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Аз ин нишаст интизор дорем, ки сари масъалаҳои стратегии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба як қарор оем, мушкилоти аввалиндараҷаи соҳаро муайян намоем ва барои рафъи ин мушкилот дар ҳамдастӣ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори соҳа роҳи ҳал ҷӯем. Бо назардошти он рақобате, ки дар соҳаи насоҷӣ бо кишвари ҳамсояи Узбекистон ва дар соҳаи ҳам нассоҷиву ҳам дӯзандагӣ бо ширкатҳои Узбекистону Қирғизистон дорем, бояд сари баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавоноиҳои ширкатҳои ватанӣ фикр кунем, то на танҳо дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем, балки бозори ватаниро низ аз даст надиҳем. Дар ин самт, дар баробари талошҳои ширкатҳо, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, сохторҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ, ва молӣ зарур аст”. 

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s