International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба сатҳи баландтар мебароянд

Leave a comment

Имрӯз, 20-уми марти соли 2018, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии корхонаҳои нассоҷӣ ва саноати сабуки Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав созишномаи ҳамкорӣ имзо мекунанд. Созишномаи мазкур ба вуруди амиқтари ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба бозори Русия мусоидат менамояд. Ширкатҳои Тоҷикистон, ба ин восита, ба намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои соҳавӣ дастрасии ягона пайдо намуда, дар симои ширкатҳои русӣ шарикон ва муштариёни нав хоҳанд ёфт. 

Созишнома дар чаҳорчӯбаи 50-умин намоишгоҳи “Текстилегпром”, азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ, имзо мегардад. Намоишгоҳи ҷашнӣ аз 20-ум то 23-юми март дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Омодагии ҳайъати Тоҷикистон ба ин намоишгоҳ ва иштирок дар он бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имконпазир гаштааст. 

Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат» ва “ХИМА-Текстил” аз ноҳияи Ёвон, “Меҳровар” аз шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа), «Ноҳид» аз шаҳри Истаравшан, “Ортекс” аз шаҳри Хуҷанд, ва “Сумайя” аз ноҳияи Лахш. Намояндаи ширкати консалтингии «ACT Development Group», шарики маҳаллии МТБ, дар ин намоишнома ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Намоишгоҳ  ҳамчунин  макони шиносоии харидорону истеҳсолкунандагон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон мебошад. Рустам Шодибеков, мудири ширкати консалтингии «ACT Development Group», мегӯяд: “Иштирок дар “Текстиллегпром” ба корхонаҳои Тоҷикистон шонси нодире барои барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ бо шарикони нав ва нигаҳдории равобит бо шарикони қаблӣ буда, ҳамчунин, ба онҳо имкон медиҳад, то таҷҳизоташонро нав бикунанд ва фурӯш ва содироташонро, махсусан ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ, бештар гардонанд. Дар ҷараёни намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин метавонад тамоюлоти навин дар бозори байнулмилалиро биомӯзад ва ин дониш имкон медиҳад, то корхонаҳои мо дар бозорҳое, ки ҳоло қарор доранд, собиттар рақобатпазир бошанд”.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Раёсати Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Барои нуҳумин бор аст, ки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд ва ҳамаи ин иштирокҳо бо мусоидати МТБ сурат гирифтааст. Дар давоми ин ҳама солҳо, корхонаҳои тоҷик аз ин намоишгоҳ бо қарордодҳои чандмиллиндоллара бо ширкатҳои хориҷӣ баргашта, имиҷи кишварро ба ҳайси кишвари истеҳсолкунандаи маҳсулоти хушсифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ баланд бардоштаанд. Интизори таҳкими бештари ҳузури ширкатҳои тоҷик дар бозори Русия мебошем”.

Ҳайъати Тоҷикистон ҳамчунин аз ғурфаҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s