International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии ришта дар Истанбул – 2018

Leave a comment

Барои ҳафтумин бор пайидарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул, ки аз 14-ум то 17-уми апрел дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байнулмилалӣ нишон медиҳад.

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Ноҳид”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Спитамен Текстайлз”, ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. Ба мисли солҳои қабл, ин сафари ҳайъати Тоҷикистон ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ сурат мегирад. Намояндагони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” ва «ACT Development Group», шарикони маҳаллии МТБ, дар ин намоишнома ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд. 

Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати “Business Consulting Group”, бар ин бовар аст, ки: “Намоишгоҳи байнулмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда, ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Мирзоқодир Бақоев, мудири “Спитамен Текстайлз”, мегӯяд, “мо солҳои пешин низ дар ин намоишгоҳ иштирок карда будем, ки бароямон хеле ҳам муфид буд. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёз ҳаст ва иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо низ хоҳем гирифт”.

Ҷиҳати рушди тавоноии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани тамосҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s