International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳамкорӣ мекунанд

Leave a comment

Ҳайъате аз намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон имрӯз, 6-уми август, сафари ҳафтаинаи омӯзишии худро ба Ӯзбекистон шурӯъ кард. Чунин иқдом огоҳии роҳбарони ширкатҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро доир ба таҷрибаҳои нави кишвари ҳамсоя боло бурда, барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ҳар ду ҷониб роҳ мекушояд 

DSC_0658

Ҳайъати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони ҳабдаҳ корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иборат аст. Аъзои ҳайъат аз ин фурсати нодир барои омӯзиши вазъи феълии саноати нассоҷиву дӯзандагии Ӯзбекистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими тиҷоратӣ истифода хоҳанд кард. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (GTEX) муштаракан аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Иттиҳодияи “Узтекстилпром”, ширкатҳои консалтингии тоҷикистонии “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” созмон дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад.

Ҳайъат аз корхонаҳои пешсафи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру вилояти Тошканд, як донишгоҳ ва як иттиҳодияи тиҷоратӣ, ва марказҳои фурӯши либос маҳаллӣ дидан карда, бо ҳамтоёни ӯзбек ҳамкориҳои эҳтимолӣ дар сатҳҳои гуногунро баррасӣ мекунад. Қарор аст, ки ҳайъати Тоҷикистон аз сафар бо як Созишномаи ҳамдигарфаҳмӣ доир ба ҳамкорӣ баргардад.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ӯзбекистон соҳаи муҳимми содиротӣ маҳсуб гардида, рушди босуръат дорад. Ӯзбекистон аз нигоҳи тавлидоти пахта дар қатори даҳ кишвари аввали ҷаҳон қарор гирифта, ҳоло асосан риштаи пахтагин ба берун мефурӯшад, ки гуфта мешавад, 60%-и содироти умумии маҳсулоти нассоҷӣ аз кишварро ташкил медиҳад. Ин кишвар дар доираи ислоҳоти нави иқтисодияш нақша дорад, то аз содироти маҳсулоти хом ё нимтайёр зина ба зина ба содироти либоси тайёр бигузарад.

Ҷаноби Камолов афзуд: “Мо аз таҳаввулоти нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон хеле хушҳолем, зеро ин таҳаввулот ба мо имкон дод, то ин сафар ба кишвари ҳамсояро ташкил намуда, аз таҷрибааш биомӯзем. Шиносоӣ бо барномаву дастгириҳои давлатии саноати нассоҷиву дӯзандагии кишвари ҳамсоя низ ҷузви барномаи сафар аст. Ман мутмаинам, ки ин сафар барои намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон  манфиати зиёд дошта, имкон медиҳад, то ба кишварамон бо идеяҳои нав ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва боз ҳам беҳтар намудани фазои тиҷоратӣ баргарданд. Ҳамчунин, ин сафар дари бозори наверо ба рӯи ширкатҳои мо боз карда, имкони барқарор сохтани робитаҳои навро медиҳад”.

Ҳайъати Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзмарраи ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо фазои умумии корӣ ва равандҳои соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя ошно хоҳад шуд. Ин сафар ба иттиҳодияҳои соҳавӣ ва ниҳодҳои дигари ёрирасони тиҷоратӣ, донишгоҳҳо ва ширкатҳои ҳар ду кишвар имкон медиҳад, то тамосҳои мустақим барқарор бикунанд ва имконияти ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, роҳандозии корхонаҳои муштаракро баррасӣ намоянд. Тавассути ин ибтикор, корхонаҳои Тоҷикистон як бозори нави эҳтимолӣ барои хариди маводи хом, маҳсулоти нимтайёр, матоъ, риштаи синтетикӣ ва ғайраро омӯхта, муайян мекунанд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s