International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Як қадам пеш ба сӯи тиҷорати соддатари байнулмилалӣ

Leave a comment

Соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон дар пасманзари иҷрои Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) доир ба соддагардонии расмиёти савдо – мавзӯъи семинари серӯзае буд, ки аз 14-ум то 16-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, гирди ҳам овард, то афзалиятнокӣ ва муҳлати иҷрои ислоҳоти соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон ва уҳдадориҳои марбутаи кишварро баррасӣ бикунанд. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ гардид.

Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, семинарро оғоз кард ва аз намояндагони бахшҳои давлативу хусусӣ даъват намуд, то дар кори чорабинӣ фаъолона иштирок варзида, дар анҷоми он ба натиҷаҳои чашмрас ноил гарданд. Сохторҳои давлатиро дар ин чорабинӣ вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзиву нақлиёт, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Оҷонсии Тоҷикстандарт ва ниҳодҳои дигар намояндагӣ карданд. Аз бахши хусусӣ Палатаи савдо ва саноат, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Ассосиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ABBAT”, Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ, Ассотсиатсияи экспортерони Тоҷикистон ва дигар ҳузур доштанд.

Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо (TFA), ки 22-юми феврали соли 2017 ба амал даромадааст, созишномаи СУС буда, аз аъзои он тақозо мекунад, то ҳаракати бор, аз ҷумлаҳои борҳои транзитиро суръат бахшанд. Доктор Муҳаммад Саид, мушовири аршади МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, чунин шарҳ медиҳад: “Созишномаи мазкур аъзои СУС-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло бибаранд, ва ҳамчунин, ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ бимонанд”.

Созишнома аз 36 чора иборат аст ва ҳар кишвари узви СУС бояд худ бо назардошти ҳолати инфиродии худ чораҳоро ба Бахши А (ки бояд сареъан пас аз қабул иҷро бишавад), Бахши B (метавонад дертар иҷро бишавад) ва C (иҷроишаш ба тавоноии кишвар ба воситаи ёриҳои беруна вобаста аст) тақсим кунад ва барои иҷрои чораҳо худ муҳлат бигузорад. Тоҷикистон аллакай бахшбандии уҳдадориҳои худ дар Бахши “А”-ро анҷом дода, бояд ин чораҳоро ҳамакнун иҷро намояд ва чораҳои боқимондаро ба ду бахши боқимонда тақсим бикунад. Дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳояш, Тоҷикистон Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо, ки аз намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ иборат аст, таъсис додааст, ки ин кумита аллакай фаъолият мекунад. Намояндагони ин кумита дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва коршиносони МТБ аллакай ба муайянсозии чораҳои афзалиятноки ислоҳоти соддагардонии тиҷорат ва тартиби иҷрои онҳо машғул мебошанд.

Алина Фетисова, мушовири МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, мегӯяд, иштирокдорони семинари Душанбе “бо такя ба тамринҳои муайянсозии афзалиятнокӣ ва муҳлати иҷрои чораҳо, стратегияи умумӣ барои чораҳои бахшҳои B ва C-ро таҳия карданд ва ҳамакнун, метавон раванди тарҳрезии дархости ёрии фанниву молӣ аз ҳамкорони рушдро оғоз бахшид”.

Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС – Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ)) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 бо ёрии фанниву машваратии МТБ дар чаҳорчӯбаи маблағгузориҳои Ҳукумати Швейтсария ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s