International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи мо

Leave a comment

МТБ дар Тоҷикистон

Лоиҳаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон, ки ҳамагӣ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд, ба хотири мусоидат ба рушди устувор ва гуногунсозии содироти маҳсулоти корхонаҳои хурду миёна аз ин кишвар тарҳрезӣ шудаанд. Ин лоиҳаҳо ба рушди иқтидори миллии инкишофи  тиҷорат бо роҳи кӯмак ба ниҳодҳои хадамотрасон ва ҳалли масоили сохторӣ равона шудаанд.

МТБ дар Тоҷикистон аз соли 2002 ин ҷониб фаъолият мебарад. Дар ин муддат, МТБ корхонаҳои содиротӣ ва ниҳодҳои хадамотрасони тиҷоратиро дастгирӣ карда, ба онҳо ёриҳои омӯзишӣ ва машваратӣ расонидааст ва ба онҳо кӯмак кардааст, то дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ ширкат варзанд ва ба бозорҳои мавриди ҳадафашон роҳ ёбанд. МТБ тавонист бо ҷалби донишгоҳҳо дар Душанбе ва Хуҷанд миёни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ҳамкорӣ эҷод намояд.

То кунун МТБ як силсила тарҳҳоеро барои дастгирии соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон пиёда кардааст, монанди «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» (2002-2003), се марҳилаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» (2003-2006, 2006-2008 ва 2009-2013), “Музокирот доир ба узвият ба СТҶ: Машваратҳои сиёсатгузорӣ ва тавонмандсозӣ” (2012-2017), “Иҷрои талаботи СТҶ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он” (2012-2015), ва “тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат” (2013-2017).

Дар оғоз самти фаъолияти МТБ дар Тоҷикистон соҳаи коркарди мева ва сабзавот буд ва бо бадастории муваффақиятҳо дар ин соҳа, таваҷҷӯҳи МТБ сар аз соли 2009 ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ нигаронида шуд. Лоиҳаҳои мо ҳадаф доранд, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло баранд ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад.

То имрӯз, натиҷаҳои фаъолияти МТБ дар Тоҷикистон назаррас мебошанд. Ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва маблағгузори барнома бо эътирофи самаранокии фаъолияти мо аз таъсири мусбати он ба рушди содирот қадрдонӣ карданд. Зерсохтори сифат соҳиби имконоти фаровоне барои рушд гардид; ба корхонаҳои шарики лоиҳа ёрии воқеъӣ расонида шуд; имконоти ширкатҳои хадамотрасон низ ба таври чашмрас тавсеъа ёфт.

Бо пуштибонии МТБ корхонаҳои шарики барнома тавонистанд рақобатпазирии маҳсулоти худро боло бибаранд, қарордодҳои чандмиллиондоллара имзо намоянд, маҳсулнокияшонро афзоиш бидиҳанд, бозорёбияшонро беҳтар гардонида,  фурӯшашонро бештар намоянд. Танҳо дар тӯли солҳои 2013-2017, корхонаҳо дар бозори беруна дар ҳаҷми беш аз 30 миллион доллар маҳсулот фурӯхтанд, ба 12 бозори нави хориҷӣ ворид шуданд, ва бештар аз 3500 робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор карданд. Давраҳои омӯзишии лоиҳа дар маҷмӯъ 1200 нафарро, ки 41%-ашон зан буданд, фаро гирифтаанд. МТБ, ҳамчунин, дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои солҳои 2016 -2025 саҳм гузоштааст.

Яке аз дастовардҳои таърихӣ ва муҳимтарини мо, ки аз он ифтихор дорем, мусоидат ба Тоҷикистон дар вуруди он ба узвияти Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) мебошад. Пас аз гуфтушунидҳои тӯлоние, ки бештар аз 11 сол идома кард, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СТҶ гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ расман рӯзи 2-юми марти соли 2013 ба вуқӯъ пайваст. Узвият дар СТҶ яке аз авлавиятҳои сиёсӣ ва иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон буд ва ҳадаф ҳам беҳтар кардани вазъи умумии иқтисодӣ ва фазои тиҷоратӣ, баланд бардоштани нуфузи кишвар дар хориҷ ва устувор сохтани сатҳи рақобатпазирии иқтисоди ҷумҳурӣ буд.  МТБ дар марҳилаи пас аз узвият низ ба Тоҷикистон дар иҷрои талаботи СТҶ ёрӣ дода, сатҳи огоҳии намояндагони бахшҳои хусусӣ ва давлатиро аз паёмадҳои узвияти кишвар ба СТҶ боло бурд.

Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагиро аз кишварҳои рӯ ба рушд афзоиш медиҳад ва ҳадаф дорад, ба ин васила, ҷойҳои нави корӣ ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соҳаро фароҳам биорад. Ин барнома, ки барои солҳои 2018-2021 тарҳрезӣ шудааст, ҳадаф дорад, содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз кишварҳои мунтахаб: Миср, Марокаш, Тунис, Қирғизистон ва Тоҷикистонро боло бибарад. Барнома ба кишварҳои интихобшуда ҷиҳати роҳандозии тиҷорати рақобатпазир ва устувор ва бунёди ҷойҳои дарозмуддати корӣ, махсусан барои занону ҷавонон мусоидат менамояд. Бо такя ба дастовардҳои қаблии МТБ ва СЕКО дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, барнома имкониятҳои содиротӣ ва рақобатпазириии ин соҳаро дар бозор боло мебарад. Ин ҳадаф бо роҳҳои зерин иҷро хоҳад шуд:

  • Беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва фаъолияти ниҳодҳои пуштибони тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ боиси беҳтар гаштани кори онҳо дар сатҳи миллӣ, ва агар вуҷуд дошта бошанд, дар сатҳи минтақавӣ мегардад. Лоиҳа ба ниҳодҳои пуштибони тиҷорат мусоидат мекунад, то зарфиятҳои фаъолият ва мудириятии худро тақвият бахшанд ва ба корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ хидматрасониҳои гуногуни босифат пешниҳод намоянд.
  • Боло бурдани сатҳи рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёнаи соҳа имкон медиҳад, то онҳо бо маҳсулоти беҳтар ба бозорҳои нав бароянд. Бо афзоиши содирот ин корхонаҳо метавонанд ҷойҳои иловагии корӣ, махсусан  барои занону ҷавонон  фароҳам биоранд.

Баҳрагирандагони мустақими лоиҳа корхонаҳои хурду миёнаи интихобшуда мебошанд, ки маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ истеҳсол ва содир мекунанд. Ин ширкатҳо ҷойҳои кории мавҷудаашонро ҳифз ё зиёд намуда, барои афзоиши даромад тавассути баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии худ ва соҳаашон имкон пайдо мекунанд.

Баҳрагирандагони ғайримустақим ин ниҳодҳои пуштибони тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ мебошанд, ки мудирият ва фаъолияташон беҳтар ва номгӯи хидматрасониҳояшон барои соҳа бештар хоҳад гардид. Ба ин гурӯҳ ширкатҳои маҳаллии консалтингӣ, ассотсиатсияҳои  тиҷоратӣ ва донишгоҳҳои марбутаи Тоҷикистон дохиланд.

Бо назардошти масъалаи рушди устувор, яъне гендер, ҷавонон ва муҳити зист, ҳангоми иҷрои лоиҳа аз равиши фарогир кор гирифта хоҳад шуд.

Нассоҷӣ дар Тоҷикистон

Дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон беш аз 15 000 нафар фаъолият мекунанд. Дар кишвар 21 корхонаи ресандагӣ, 6 ширкати коркарди пурраи пахта, 5 корхонаи ҷӯроббарорӣ ва кешбофӣ (трикотажӣ), тақрибан 45 корхонаи дӯзандагӣ ва бештар аз 150 коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ фаъолият мекунанд. Ин соҳа аз нигоҳи ҳаҷми содирот бо шумули содироти нахи пахта дар кишвар дар мақоми дуввум қарор дорад. Бунёди ҷойҳои корӣ барои занон, афзоиши даромади оилаҳо ва коҳиши вобастагӣ аз муҳоҷирати корӣ муҳиммияти соҳаро барҷастатар мегардонад.

Сарфи назар аз имкониятҳои соҳа, ниҳодҳои дастгирии тиҷорат дар кишвар тавоно нестанд, ҳамгироии занҷираи арзиши иловашуда заиф аст.. Бо вуҷуде, ки феълан Тоҷикистони ғанӣ аз пахта солона ҳудуди  80%-и нахи пахтаашро дар шакли ашёи хом  содир мекунад, ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди занҷираи комили коркарди ашёи хом ба маҳсулоти тайёр қадамҳои стратегӣ гузошта, ният дорад ба бозорҳои хориҷӣ ҳар чи бештар бо маҳсулоти тайёри нассоҷии “Истеҳсоли Тоҷикистон” барояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s