International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МТБ маҳсулоти пахтагини Тоҷикистонро дар Маскав ба ҷаҳониён намоиш медиҳад

Leave a comment

Ҳафт корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ мебошад ва имрӯз, 18-уми сентябр, дар Маскав оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд. Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матоъи пахтагин ва либосворӣ дар толорҳои ВДНХ то 21-уми сентябр ба маъраз гузошта мешавад.

Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Имсол корхонаҳои зерин аз Тоҷикистон дар намоишгоҳ ҳузур ёфтанд: “Ваҳдат”, “Гулистони Душанбе”, “Лиман”, “Ноҳид”, “Раҳимов А.А.”, “Сапсан”, ва “ХИМА-Текстил”.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, имконияти нодири намоиши маҳсулоти худ ва шиносоӣ бо тамоми бастаи маҳсулоти нассоҷӣ, сар карда аз ашёи хом ва таҷҳизот то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Дар он харидорон ва коршиносони соҳа аз тақрибан 30 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Ардашер Иброҳимов, муовини мудири ширкати машваратии “Business Consulting Group”, ҳамкори маҳаллии МТБ, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ раҳбарӣ мекунад, мегӯяд: “Русия муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоварад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд”.

Намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Корхонаҳои Тоҷикистон ҳам маҳсулоти хом ба монанди ришта, матоъ, либосворӣ, матоъи пахтагин, ва ҳам маҳсулоти тайёр ба монанди ҷӯроб, либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либоси махсус, трикотаж, ва либоси тагпӯши мардонаву занона ба намоиш мегузоранд. Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин шинос хоҳад шуд. Ҳайъати Тоҷикистон боз имкон дорад, то дар конфронсҳои илмӣ, давраҳои омӯзишӣ ва мизи гирдҳо иштирок намояд.

Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ барои 11-умин бор иштирок мекунад ва тӯли ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд, ки барои кишвар имиҷи манбаъи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагиро бисозанд. “Лиман” ва “Сапсан” барои аввалин бор дар ҳайъати Тоҷикистон дар ин гуна намоишгоҳҳои байнулмилалӣ иштирок мекунанд. Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ шомили ҳайъат мебошад ва аснои сафар бо бозори минтақавӣ ошноӣ пайдо карда, бо ҳамкорони рус дидорҳо анҷом медиҳад.

Дар намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро мушовирони ширкатҳои консалтингии “Business Consulting Group” (Хуҷанд) ва “ACT Development Group” (Душанбе) раҳнамоӣ мекунанд. Ин ду ширкат дар раванди омодагӣ ба намоишгоҳ низ фаъолона иштирок карда буданд. Ҷалби ширкатҳои консалтингии маҳаллии ҳамкор ба раванди омодагӣ ва иштироки ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои тиҷоратии миллӣ ва байналмилалӣ тавоноии онҳоро дар самтҳои гуногуни тиҷоратӣ, ба монанди иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ ва бозорёбӣ баланд мебардорад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s