International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафар ба Истанбул барои ошноӣ бо таҷҳизоти навтарини дӯзандагӣ

Leave a comment

Барои аввалин бор ҳайъати Тоҷикистон ба Намоишгоҳи таҷҳизоти дӯзандагии Истанбул меравад, ки он дар пойтахти тиҷоратии Туркия аз 20-ум то 23-юми сентябри соли 2018 баргузор мегардад. Дар ҷараёни ин сафари корӣ, ҳайъати Тоҷикистон бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини дӯзандагӣ шинос шуда, аз корхонаҳои дӯзандагӣ ва фурӯшгоҳҳои  маҳсулоти дӯзандагӣ боздид мекунад ва бо соҳибкорони турк вомехӯрад. 

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ҳайъати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони корхонаҳои зерин иборат аст: “Дилором”, “Лиман”, “Лидер”, “Maфтуна”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”,  “Раҳматов”, “Ресанда”, “Спитамен Текстайлз”, ва “Суман”. Дар ин сафар ҳайъати Тоҷикистонро ширкати консалтингии “ACT Development Group”, ҳамкори МТБ, раҳнамоӣ мекунад.

Намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагии Истанбул бузургтарин намоишгоҳ дар ҷаҳон дониста мешавад, ки дар он навтарин ва замонавитарин таҷҳизоти дӯзандагӣ  ва сохти ширкатҳои калидии соҳа ба намоиш гузошта мешавад. Брэндҳои шинохтаи ҷаҳонӣ фанновариҳои навтарини худро ба маъраз мегузоранд ва барои корхонаҳои дӯзандагӣ фурсати муносиби шиносоӣ ва харидории ихтирооти тозатарини соҳаи  дӯзандагӣ фароҳам меояд. Бештар аз 400 ширкат дар намоишҳгоҳ маҳсулоти худро ба маърази тамошои тақрибан 40 000 боздидкунанда аз 70 кишвари ҷаҳон мебарорад.

Рустам Шодибеков, мудири иҷроияи ширкати консалтингии “ACT Consulting Group”, мегӯяд, намоишгоҳи тиҷоратии мазкур “макони ихтирооти инноватсиониест, ки ба соҳаи дӯзандагӣ илҳом мебахшад. Корхонаҳои Тоҷикистон имконияти хубе барои ошноӣ бо дастовардҳои навтарин дар истеҳсолоти дӯзандагӣ, барқарор намудани тамосҳои тиҷоратӣ, ва харидории таҷҳизоти нав барои тавсеаи истеҳсолоташонро пайдо мекунанд. Ба ин васила, корхонаҳои Тоҷикистон метавонанд ҳам сифат ва ҳам шумори истеҳсолоташонро афзоиш бидиҳанд”.

Туркия солиёни зиёд боз ба ҳайси пешсафи минтақавии маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар бозорҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, шинохта шудааст. Либосҳои сохти Туркия ҳаммаънои либосҳои босифат ва дастрас гардидаанд. Бизнеси нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон солиёни дароз боз бо ширкатҳои туркӣ ҳамкорӣ мекунад ва ҳамакнун, фурсати он расидааст, ки ба хона на танҳо маҳсулоти тайёри туркӣ, балки боз таҷрибаи ғанӣ ва таҷҳизоти навтарини туркӣ ва ҷаҳониро низ биёранд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s