International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаҳо, ибтикорҳо, бозорҳо ва шартномаҳои чандмиллиондоллараи нав: МТБ солро ҷамъбаст менамояд

Leave a comment

Meeting

Нақш ва саҳми Маркази Тиҷорати Байнулмилалӣ (МТБ) дар пешбурди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин, натиҷаҳои соли аввали фаъолияти Барномаи нави ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) имрӯз, 30-уми ноябр, дар нишасти Кумитаи назоратии лоиҳа (КНЛ) дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ, донишгоҳҳо, донор (Ҳукумати Швейтсария) ва МТБ узви Кумитаи мазкур мебошанд.  Кумитаи назоратии лоиҳа бо ҳадафи назорати шаффофияти иҷрои лоиҳа ва замонати посухгӯ будани натоиҷаш ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст.

Имсол, МТБ дар Тоҷикистон Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандаги (GTEX)-ро роҳандозӣ намуд, ки ҳадафаш боло бурдани содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ аз Тоҷикистон мебошад, то ба ин васила, дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соҳаро фароҳам биорад. Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари ҷаҳон аст, ки барои ин барномаи чаҳорсола интихоб шуда, онро Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мекунад.

Zavki Zavkizoda, Deputy MinisterЗавқӣ Завқизода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бо зикри саҳми МТБ дар рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии ҷумҳурӣ, чунин мегӯяд: “Шарикони  мо аз Ҳукумати Швейтсария ва МТБ дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – гузариш аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба иқтисоди саноатӣ-аграрӣ мусоидат менамоянд. Мехоҳам, ба МТБ ва дӯстони швейтсариямон барои ёриҳояшон изҳори сипос намоям ва умедворам, ки ин ҳамкории пурмаҳсул дар оянда низ идома мекунад”.

Ҷаноби Завқизода, ҳамчунин, аз саҳми МТБ дар таъсис ва оғози фаъолияти Котиботи доимоамалкунандаи назди Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистон ва роҳандозии торнамо (портал)-и иттилоотӣ оид ба соддагардонии расмиёти савдои Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.

Рафаел Ҷеннӣ, мудири барномаҳои дафтари Секретариати давлатии Швейтсария доир ба иқтисод, мегӯяд: “Ҷойҳои кории бештар ва беҳтар. Зери мафҳуми беҳтар манзурам ҷойҳои кории сермаҳсултар, навоваронатар, арзишмандтар, рақобатпазиртар ва бо маоши беҳтар мебошад. Швейтсария бар ин бовар аст, ки фароҳамории ин гуна ҷойҳои корӣ барои ҳар кишваре муҳим аст ва шукуфоии мардумро таъмин мекунад. Аз ҷумла, ин чиз барои Тоҷикистон низ муҳим аст, ки тасмим гирифтааст, то рақобатазирии соҳаҳои стратегии худро, ки занҷираи арзиши иловагӣ ва содиротро таъмин мекунанд, боло барад, ва ба ин васила ҷойҳои хуби корӣ фароҳам орад. 

Malika Ibragimova, SECO

Малика Иброҳимова, намояндаи SECO

Ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, то ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ёрӣ расонем ва тавоноии ин соҳаро ҷиҳати фароҳамсозии ҷойҳои корӣ ва дастрасӣ ба бозори ҷаҳонӣ боло барем. Бояд гуфт, ки коркарди пахта дар дохили кишвар, нерӯи арзони корӣ, ва нерӯи барқ дигар омилҳои кофии вуруд ба бозорҳои пуррақобат ва серталаби ҷаҳонӣ нестанд. Аз  ин рӯ, ёриҳои мо тавассути МТБ ҳадаф доранд, то фазои хуби тиҷоратӣ бисозанд, ки қоидаҳои рӯшани бозӣ мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ дошта бошад, қарзҳои дарозмуддат ва дастрас дошта бошад, коршиносони сатҳи баланди касбӣ ва ниҳодҳои касбии ёрирасони тиҷорат дошта бошад. Ҳамаи инҳо заминаҳои пайдоиши рақобатпазирии муваффақ ва шукуфоии Тоҷикистон мебошанд”.

Armen Zargaryan, ITC

Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, натиҷаҳои асосии лоиҳа дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар дар соли 2018-ро чунин хулоса мекунад: “Бо ёрии мо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ба бозорҳои нави хориҷӣ ворид гардиданд ва дар бозорҳои минтақавӣ бештар рақобатпазир шуданд. Танҳо дар соли 2018 мо корхонаҳои Тоҷикистонро ба панҷ намоишгоҳи байнулмилалӣ дар хориҷи кишвар ва як сафари омӯзишӣ бурдем, ки ҳар яке аз ин сафарҳо бо барқарорсозии робитаҳои тиҷоратӣ бо шарикони хориҷӣ ва бастани шартномаҳои корӣ барои содироти маҳсулот ва воридоти таҷҳизот анҷом ёфт. Мо ба ниҳодҳои маҳаллии кӯмакрасони тиҷорат ёрӣ додем, то хидматрасониҳои нав пешниҳод намоянд ва дар истиқрори муносибатҳои кории донишгоҳҳои Тоҷикистон бо марказҳои омӯзишии хориҷӣ саҳм гузоштем. Мехоҳам, махсусан аз ҳамкориҳои пурсамарамон бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ёдовар шавам, ки боиси ба сатҳи нав баровардани таваҷҷуҳи ин созмон ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ гардид”. 

“Ваҳдат”, ширкати ҷавон, вале аллакай пешсафи саноати нассоҷӣ дар кишвар, ҳамкори пурмаҳсули МТБ мебошад. Мудири он Илҳом Мирзоев мегӯяд: “Бо ёрии МТБ мо имиҷи Тоҷикистонро ба ҳайси манбаъи маҳсулоти босифати нассоҷиву дӯзандагӣ дар минтақа нигаҳ доштем. Аз намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мо бо шартномаҳои муфид ва таҷрибаи ғанӣ баргаштем. Махсусан мехоҳам сафари ахирамон ба Шонҳойро қайд кунам. Дар оғози ҳамин моҳи ноябр, дар Шонҳой мо имконияти нодире барои пайвастан ба ибтикори нави ҷаҳониро доштем. МТБ, ҳамчунин, ба мо машваратҳо медиҳад, омӯзишҳо дар мавзӯъҳои бозорёбӣ, брэндинг, мудирияти сифат ва ғайра мегузаронад, дар дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ мусоидат мекунад ва ғайра.”

Saidmumin Kamoov, ITC

Саидмӯъмин Камолов, МТБ

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Имсол Швейтсария 20-умин солгарди кушодашавии Дафтари ҳамкориро дар Точикистон ҷашн мегирад. Дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориву рушди ҳамаҷониба, Швейтсария ба мардум ва  ҳукумати Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, таъмини об ва идоракунии захираҳои табиӣ,  дастрасӣ ба адолат ва гузариши кишвар ба иқтисоди бозoрӣ мусоидат намуда истодааст. Ҳукумати Швейтсария ҳамасола барои  амалисозии лоиҳаҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон   тақрибан 20 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s