International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ришта дар Истанбул – 2019

Leave a comment

Барои ҳаштумин бор пайидарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 28-уми феврал то 2-юми марти соли 2019 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад.

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “РБТ Ресандаи Тоҷикистон”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз”, ва “ХИМА Текстил” анъанаи хуби иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузурги соҳавӣ идома медиҳанд. Ба мисли солҳои қабл, ин сафари ҳайъати Тоҷикистон ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ сурат мегирад. Намояндаи ширкати консалтингии «ACT Development Group», шарики маҳаллии МТБ, дар ин намоишнома ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд. 

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Рустам Шодибеков, мудири иҷроияи ширкати “ACT Development Group”, бар ин бовар аст, ки: “Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Ҷиҳати рушди тавоноии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s