International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мастчоҳ. Корхонаи азим аз нав ба фаъолият пардохт

Leave a comment

Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар кишвар бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуд ва ҷиҳати роҳандозии иқдоми мазкур дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, агар соли сипаришуда дар вилояти Суғд дар маҷмӯъ, 93 корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 1300 ҷойи кор таъсис ёфта бошад, тибқи нақша имсол дар ҳудуди вилоят 177 корхонаи нави саноатӣ ба кор медарояд. Ҳамзамон, роҳбарияти вилоят дар талош аст, ки коргоҳҳои қаблан бозистода бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҷалби сармояи соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ва ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба кор дароварда, ба ин васила, коркарду истеҳсоли маҳсулоти содиротии бозоргир рушд ёбад ва барои сокинон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.

Корхонаи ресандагӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ки бо номи «Олим текстайлз» дар остонаи Ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз карда буд, инак, баъди бозистии 2 – сола бо дастури Сарвари давлат, кӯшиши роҳбарияти вилоят ва иқдоми ҶДММ «Ангубин» аз нав ба кор шурӯъ кард. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, дар маросими эҳёи корхона ба масъулон супориш дод, ки корро муътадил ва босамар ба роҳ монанд ва барои ҳавасмандии кормандон, хусусан бонувони маҳаллӣ, тадбирҳо андешида, маҳсулоти бозоргири содиротӣ истеҳсол намоянд.

Бино ба иттилои Шариф Неъматов, муовини директори генералии корхона, ҳоло дар ин ҷо хатҳои технологии муосири истеҳсоли олмонӣ насб шуда, иқтидори лоиҳавии коркарди нахи пахта дар як сол ба зиёда аз 6,5 ҳазор тонна расонда шудааст ва дар се баст то 400 нафар ба кор машғуланд. Технологияи пешқадам имкон медиҳад, ки 10 намуди ресмони аълосифати ҷавобгӯй ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол гардад. Тибқи нақшаи роҳбарияти корхона, баробари ресмон боз истеҳсоли матоъҳои хушсифати пахтагин низ ба роҳ монда мешавад.

– Шодии моро канор нест, – мегӯяд Мақсуда Қурбонова, оператори дастгоҳи ресмонбофии корхона, – зеро қариб ду сол бекор монда, дар пешбурди рӯзгор мушкилӣ кашидем. Инак, бо ҳидояти Пешвои муаззам боз соҳиби шуғл ва музди хуби маош хоҳем шуд. Моҳе то 1000 сомонӣ ва аз ин ҳам, зиёд маош мегирем.
– Мо, бонувони ноҳия, ба шарофати фаъолияти ин корхона соҳиби шуғли доимӣ гардида, ифтихор мекунем, ки дар рушди иқтисодии кишвар саҳм мегузорем, – изҳор дошт Хуршедамоҳ Сафарова.

Технологияи пешқадамтарин, мавҷуд будани ашёи хоми асосӣ дар худи ноҳия ва қувваи корӣ имкон медиҳад, ки корхонаи ресандагии «Ангубин» дар фаъолият муваффақ шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки марҳила ба марҳила корхонаҳои дигари соҳаи саноати сабук, аз ҷумла «Хуҷанд неку», «Нассоҷии Хуҷанд», «Ресандаи Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Истаравшан, Спитамен низ бо ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ муътадил фаъолият хоҳанд кард ва ин имкон медиҳад, ки рушди босуръати саноатӣ таъмин карда шавад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s