International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши таҷрибаи рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Покистон

Leave a comment

Боздид аз ду шаҳри бузургтарини нассоҷӣ, шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои маъруфтарини нассоҷиву дӯзандагӣ ва иттиҳодияву донишгоҳҳои соҳавӣ, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ин ҳама ҷузве аз барномаи сафари ҳафтаинаи ҳайъати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Покистон мебошад. Ин ҳайъат барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, омӯзиши таҷрибаи корхонаҳои нассоҷӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо ба Покистон сафар карданд.

Ҳайъати Тоҷикистон аз раҳбарон ва намояндагони 13 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои навини Тоҷикистон иборат аст. Дар ҷараёни сафар, ки 9-уми март оғоз шуд ва то 16-уми март идома хоҳад кард, ҳайъати мазкур аз Лоҳур ва Файсалобод дидан хоҳад кард. Аввалин бор аст, ки нассоҷони Тоҷикистон бо чунин як сафари омӯзишӣ ба Покистон, кишваре аз даҳгонаи пешсафи истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон мераванд. 

Ин сафар бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи USAID бо номи “Фаъолияти ҳамгироии иқтисодии минтақавии Покистон” (PREIA) сурат мегирад. 

Ҳадаф аз ин сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар Покистон, аз ҷумла истифодаи технологияҳо ва таҷрибаҳои истеҳсолӣ, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳҳои гуногун, омӯзиши бозори ашёи хом ва фазои фурушгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳа мебошад. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳо ва донишгоҳҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкориҳо дар оянда замина фароҳам меорад.

Соҳаи нассоҷии Покистон дар рақамҳо:
Узви даҳгонаи пешсафтарини истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон;
Таъмингари 5%-и иқтидори ҷаҳонии истеҳсоли ришта;
Таъмингари 9%-и ниёзҳои ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷӣ;
Чаҳорумин истеҳсолкунандаи  бузурги пахта дар Осиё;
Ҳаштумин содиркунандаи бузурги маҳсулоти нассоҷӣ дар Осиё;
Соҳаи нассоҷӣ бузургтарин соҳаи истеҳсолӣ дар кишвар мебошад;
Саҳми соҳаи нассоҷӣ дар ММД-и кишвар 8,5% ташкил медиҳад;
Соҳа тақрибан 45%-и нерӯи кории кишварро бо ҷойи кор таъмин мекунад.

Меҳмонони тоҷик, аз ҷумла бо технология ва равандҳои истеҳсолӣ дар ширкатҳои маъруфе назири Nishat Group, Sapphire Group, Style Textile, Shakam, Sadaqat Textiles, Imrahim Group, Masood Textile, Sitara Group, ва ғайра шинос мешаванд ва таҷрибаи онҳоро меомӯзанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо, роҳандозии барномаҳои ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои соҳавии Тоҷикистону Покистон низ баррасӣ хоҳад гашт. Қарор аст, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар Донишкадаи мӯд ва тарроҳии Покистон воқеъ дар Лоҳур ва Донишгоҳи миллии нассоҷии Файсалобод cозишномаҳои ҳусни тафоҳум имзо намоянд. Дар ҷараёни боздид аз ҳар дуи ин муассисаҳои омӯзишӣ  меҳмонон бо ҷараёни таълим ва омодасозии мутахассисони оянда шинос мешаванд.

Ҳамчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хидматрасони тиҷоратии ду кишвар баррасӣ мешавад. Иттиҳодияи умумипокистонии корхонаҳои нассоҷӣ, Иттиҳодияи умумипокистонии корхонаҳои коркарди маҳсулоти нассоҷӣ, ва Иттиҳодияи содироткунандагони маҳсулоти нассоҷии Покистон дар бораи соҳаи нассоҷӣ, имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар маълумот дода,  заминаҳои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикро баррасӣ хоҳанд кард. Қарор аст, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои фавқуззикр созишномаҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расонанд.

Ҳангоми боздид аз марказҳои логистикӣ шароити содироту воридот омӯхта мешавад. Боздид аз фурушгоҳҳои Лоҳур ва Файсалобод низ бо мақсади шиносоӣ бо василаҳои пешниҳоди маҳсулот ба муштариёни умумӣ ва муошират бо онҳо дар нақша аст.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s