International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пахтаи Узбекистон аз феҳристи таҳримҳои ИМА берун шуд

Leave a comment

Пахтачинии кӯдакон дар Узбекистон. Акс аз соли 2011
Пахтачинии кӯдакон дар Узбекистон. Акс аз соли 2011

Ин тасмим нӯҳ сол пеш ба хотири истифодаи нирӯи кӯдак дар чиниши пахта гирифта шуд ва ворид кардани пахтаи Узбекистон ба хоки Амрико ва ҳам истифодаи ширкатҳои амрикоӣ аз ин маҳсулот манъ шуд.

Дар пайи эътирози ҳомиёни ҳуқуқ, чандин ширкати маъруфи дунё, аз ҷумла Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wall-Mart маҷбур шуданд, аз харидории нахи пахтаи Узбекистон даст бикашанд.

Вазорати хориҷаи Узбекистон аз ин қарор истиқбол кард ва хабар дод, ки бо тасмими ИМА Вашингтон таҳрими соли 2010 ҷоришударо бекор кард. https://mfa.uz/ru/press/news/2019/03/18355/

Дар як огаҳие ба унвонии Реестри федеролӣ рӯзи 25 март вазорати кори ИМА навишт, ки пахтаи Узбекистонро аз феҳристе берун мекунад, ки дар он навишта шудааст: “шаҳодати қобили эътимоди он вуҷуд дорад, ки ин маҳсулот бо истифода аз меҳнати иҷбории кӯдакон истеҳсол ва коркард шудааст”.

https://www.federalregister.gov/documents/2019/03/25/2019-05360/notice-of-final-determination-to-remove-uzbek-cotton-from-the-list-of-products-requiring-federal

Пахтачинии кӯдакон тақрибан пурра хотима дода шуд

Дар гузориши вазорати кори ИМА навишта шудааст, ки бар асоси таҳлилҳои вазорати умури дохилӣ маълум шудааст, ки истифодаи нирӯи кӯдак дар майдонҳои пахтаи Узбекистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуда, танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона боқӣ мондааст.

Давоми солиёни зиёд созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Узбекистонро дар он муттаҳам мекарданд, ки барои чидани ҳосили пахта ба таври фаровон ва бемаҳдудият аз нирӯи кӯдакон истифода мекунанд. Хонандагони мактаб шурӯъ аз моҳи сентябр то декабр дар майдонҳои пахта дар канори кормандони сохторҳои буҷавии мисли омӯзгорону табибон маҷбур буданд пахтачинӣ кунанд, вагарна муҷозот мешуданд. Узбекистон бузургтарин истеҳсолкунандаи пахтаи хом дар Осиёи Марказӣ ва дар ҷаҳон ҳам панҷумин тавлидкунандаи калонтарини пахта ба ҳисоб меравад.

Соли 2017, Мирзиёев дар Маҷмаи кулли СММ
Соли 2017, Мирзиёев дар Маҷмаи кулли СММ

Моҳи майи соли 2018 президент Шавкат Мирзиёев қароре қабул карда истифодаи меҳнати маҷбуриро комилан манъ кард. http://uza.uz/oz/documents/zbekiston-respublikasida-mazhburiy-me-natga-bar-am-berishga–11-05-2018

Мирзиёев баробари расидан ба қудрат даст ба чанд ислоҳот зад, ки ба замони раҳбарии беш аз 20-солаи президенти нахустин Ислом Каримов рабт мегирад. Каримов 2 сентябри соли 2016 даргузашт.

Панҷумин истеҳсолкунандаи пахтаи ҷаҳон

Мирзиёев аз минбари Маҷмаи кулли СММ сентябри соли 2017 ваъда дод, ки ба меҳнати маҷбурӣ дар Узбекистон нуқта мегузорад.

Узбекистон соле тахминан 60 дарсади пахтаи истиҳсолкардаашро ба Чин, Бангладеш, Туркия ва Эрон содир мекунад.

Даромад аз ин соҳа беш аз 1 миллиард доллар буда, тахминан чоряки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад.

Соли 2016 сарони эътилофи Cotton Campaign дар Вашингтон аризаеро бо 140 ҳазор имзо ба президенти Бонки ҷаҳонӣ супориданд.

Дар он аз Бонки ҷаҳонӣ хоста шуд, ки муваққатан додани қарзро ба Узбекистон қатъ кунад. Ҳомиёни ҳуқуқи байналхалқӣ, иттифоқҳои касаба ва эътилофи тиҷоратии Cotton Campaign аз президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ким хостанд, то замоне ки Узбекистон аз истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии пахта даст накашад, барои рушди соҳаи кишоварзии он қарз дода нашавад.

Дар ин ариза омадааст, ки ҳангоми мониторинги ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2015 далелҳое мушоҳида шудааст, ки гувоҳӣ медиҳанд, ҳадди ақал то 1 миллион одам ба меҳнати маҷбурӣ дар саҳрои пахта ҷалб гардидааст. Пеш аз ин Бонки ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар доираи ҳамкории стратегӣ барои солҳои 2016-2020 ба Узбекистон аз 3,5 то 4 миллиард доллари ИМА қарз хоҳад дод.

Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи масоили Шарқу Африқо, дар ҳар мавсими пахтачинӣ дар Узбекистон то 2,8 миллион кӯдаки аз 10-сола боло ҷалб мешуд.

Дар пайи эътирози ҳомиёни ҳуқуқ, чандин ширкати маъруфи дунё, аз ҷумла Tesco, Gap, Marks & Spencer ва Wall-Mart маҷбур шуданд, аз харидории нахи пахтаи Узбекистон даст бикашанд.

Манбаъ: Радиои Озодӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s