International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайванди ниҳодҳои давлативу бахши хусусӣ ба хотири рушди соҳибкорӣ

Leave a comment

Ҷаноби Файзалӣ Раҷабов, Раиси Раёсати Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, бо камоли лутф розӣ шуд, то хонандагони моро бо соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва фаъолиятҳои феълии созмонаш шинос намояд.

1Соҳаи нассоҷӣ ва дузандагӣ барои иқтисоди Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?

Ин соҳа барои иқтисоди кишвар аҳамияти хеле муҳим дорад , зеро рушди он саҳми соҳаро дар афзоиши ҳаҷми ММД, гуногунсозии содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, махсусан, барои занон, ва пайдо шудани манбаъҳои нави даромад  зиёд мекунад. Пешрафти ин соҳа дар дохили ҷумҳурӣ боиси коҳиш ёфтани воридоти матоъ ва либосворӣ аз хориҷ гардида, ба амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумат, яъне саноатикунонӣ мусоидат хоҳад кард.

Иттифоқ барои пешбурди соҳа чӣ нақшаҳо дорад ва ин нақшаҳо чӣ гуна барои рақобатпазиртар гардидани соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон кумак мекунад?

Дар соли 2018 мо як департаменти махсуси саноати сабук дар назди Иттифоқ таъсис дода то кунун 31 корхонаи соҳаро дар зери як чатр гирди ҳам овардем. Соли гузашта бо ибтикори мо як силсила мизи гирдҳо дар мавзӯъи “Баррасии масоили рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон” дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин мизи гирдҳо баррасии мушкилоти имрӯзаи соҳа бо ҷонибҳои манфиатдор ҳам аз миёни ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам аз миёни бахши хусусӣ, ва ҳамчунин муайян кардани афзалиятҳои асосии рушди соҳа буд. Ба андешаи ман, баргузории ин гуна чорабиниҳо барои беҳтар намудани муколама ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои гуногун, вазорату идораҳои марбута, мақомоти маҳаллӣ, корхонаҳои соҳа ва эҷоди фазои мусоиди соҳибкорӣ хеле муҳим аст.

Мо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати ҶТ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаем ва бо истифода аз фурсат аз номи аъзои Иттифоқ ба роҳбарони ин сохторҳо барои ҳамкориҳои судманд бо ҳадафи рушди соҳибкорӣ ва саноати сабук дар кишвар изҳори сипос менамоям. Иттифоқ бо дастгирии бевоситаи SECO ва МТБ маҳсулоти ватании соҳаи нассоҷиву дӯзандагиро дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд ва сафарҳои омӯзишӣ ташкил менамояд, ки ин ҳама барои мо як мактаби хуби таҷрибаомӯзӣ мебошад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s