International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Портали савдои Тоҷикистон дастрасӣ ба маълумотро беҳтар мегардонад

Leave a comment

Тоҷикистон дар чаҳон савумин кишваре гардид, ки бо мусоидати МТБ Портали савдои худро омода ва роҳандозӣ кард. Портал расман рӯзи 26-уми апрели соли 2019 муаррифӣ мегардад. Аз Алина Фетисова, мушовири МТБ доир ба соддагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон, хоҳиш кардем, то моро бо ин платформа ва нақшу муҳиммияти он шинос кунад.

DSC_0541

Лутфан, бигӯед, ки ин чӣ портал аст, кӣ онро идора мекунад, хонандааш кист, чӣ манфиатҳо меорад ва ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ гуна кӯмак  мерасонад?

Портали савдои Тоҷикистон платформаи интернетиест, ки тартиботу муқаррароти  содироту воридоти маҳсулотро қадам ба қадам аз нигоҳи тоҷирону соҳибкорон шарҳ медиҳад. Дар портал ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва формаҳои лозимӣ, ба монанди литсензияҳо, иҷозатномаҳо, сертификатҳое, ки соҳибкорон бояд аз сохторҳои танзимкунанда дар марз дастрас  ва ё пешниҳод намоянд, ва ҳамчунин, нархномаи хидматрасониҳо дар шакли содда ва осонфаҳм нишон дода шудааст.

Портали савдои Тоҷикистон як василаи муҳим ҷиҳати таъмини шаффофият буда, он ҳам ба бахши хусусӣ ва ҳам ҳукумати Тоҷикистон судманд аст. Барои соҳибкорон он сарчашмаи маълумоти пурра доир ба қоидаву қонунгузорӣ дар соҳаи савдо буда, бо ин роҳ вақт ва маблағи соҳибкоронро барои ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот сарфа мекунад ва хатари дер кардан ва банд мондани бор дар марзро ба сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи қоидаҳои воридот ва ё содирот кам мекунад. Портал ба сиёсатгузорон имкон медиҳад, то ҳамаи садду монеаҳои нолозими мавҷудаи маъмурӣ дар савдоро муайян намоянд. Портал ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, то равандҳои тиҷоратро, ки ба нафъи доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон мебошад, тавассути Кумитаи соддагардонии расмиёти савдо (КСРС) мукаммал ва соддатар гардонад.

Дар дастрасии умум қарордоштани ин ҳама маълумот дар интернет ҷузве аз ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишномаи соддагардонии расмиёти савдои СУС (Моддаи 1.2) мебошад.

Нақши МТБ дар таҳия ва роҳандозии портал чист?

Портали савдои Тоҷикистон аз ҷониби МТБ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон (ВРИС) ва бо дастгирию ҳамкории наздик бо SECO, UNCTAD, БРСМ ва САҲА амалӣ мегардад.

МТБ барои таъсиси портал ёрии техникӣ расонида, иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисони миллиро ҷиҳати роҳандозиву мудирияти самараноки он боло бурдааст. Тайи якуним соли охир маълумот ва тартиботу муқаррарот доир ба 39 маҳсулоти асосии содиротиву воридотии кишвар зери роҳбаладии МТБ ҷамъоварӣ ва ба портал илова карда шуд. Ин равандҳо аз ҷониби сохторҳои танзимкунанда дар  марз низ тасдиқ шудаанд, то маълумоти портал саҳеҳу дақиқ бошад ва тоҷирон аз он баҳра баранд. Барои идомаи босуботи фаъолияти портал МТБ ва ВРИС ҷиҳати сохтори мудирияти портал ба мувофиқа расида, барои мудирияти фаъолияти он кормандони Котиботи  доимоамалкунандаи назди КСРС-ро омӯзиш медиҳанд, то портал дар оянда ҳам фаъолияташро ба таври муназзам идома диҳад.Ҳоло МТБ кӯмаки машваратии худро баҳри беҳтар сохтани портал идома дода, ба маросими расмии муаррифии он омодагӣ мегирад. Дар қадами баъдӣ, МТБ мехоҳад ба сохторҳои давлатӣ ёрӣ диҳад, то бо истифода аз таҳлили маълумоти портал барои таҳияи ислоҳоти соддагардонии савдо иқдом намоянд.

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s