International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаҳои Тоҷикистон ба дидани навгониҳои технологии нассоҷиву дӯзандагӣ ба Барселона мераванд

Leave a comment

Ҳашт истеҳсолкунандаи маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон – ITMA (www.itma.com) боздид ба амал меоранд, ки имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Барселонаи Испания оғоз шуд. 

“Ноҳид”, “Ресандаи Қурғонтеппа“, “Спитамен Тектайлз”, “Ваҳдат”, “Oртекс”, “Раҳимов А.А.”, “Лиман”, “Meҳровар”, ва  ҳамчунин, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаи  нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар ҷаҳон, ки то 26-уми июн идома меёбад, бо навгониҳои олами технологияи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ шинос мешаванд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ сурат мегирад. Намояндагони ширкаҳоти консалтингии «ACT Development Group» ва “Business Consulting”, шарикони маҳаллии МТБ, дар ин намоишгоҳ ҳайъати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунанд.

ITMA, ки ҳар чаҳор сол як бор баргузор мегардад, майдони пешсафи ҷаҳонии омӯзиш ва тавлиди идеяҳои тоза, дарёфти роҳҳои ҳалли самараноки мушкилоти мавҷуда ва ҳамкориҳои муштарак барои рушди соҳибкорӣ мебошад. Дар ITMA-2019 тақрибан 1600 ширкаткунанда аз 46 кишвар маҳсулоти худро дар масоҳати 220 000 метри мураббаъ ба 120 000 боздидкунанадагон аз 147 кишвари ҷаҳон намоиш медиҳанд. Ин чорабинӣ навтарин ва пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои соҳаро ба маъраз гузошта, барои шиносоӣ ва робита пайдо кардан бо тасмимгирандагони калидӣ ва коршиносони соҳа ва омӯзиши тамоюлот, равандҳо ва масъалаҳои ҷаҳонии вобаста ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар семинару ҳамоишҳое, ки дар ҳошияи намоишгоҳ баргузор мегарданд, имконият фароҳам месозад.

Саидмӯъмин Камолов, роҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон мутмаин аст, ки навгониҳои технологӣ калиди муваффақияти саноати нассоҷиву дӯзандагӣ ба шумор мераванд. Ӯ мегӯяд: “МТБ бо ITMA-2019 ба ҳайси созмони мусоидаткунанда ҳамкорӣ мекунад. Аз ин рӯ, шарикони барномаи мо  дастрасии афзалиятнок ва имкониятҳои махсус барои шиносоӣ бо иштирокчиёни намоишгоҳ ва  иштирок дар семинарҳоро доранд. Ҳамчунин, МТБ бо Маркази омӯзишии нассоҷӣ ва мӯди Федератсияи нассоҷӣ ва мӯди Сингапур ҳамкорӣ мекунад, ки дар ҷараёни намоишгоҳ барои мо барномаҳои махсуси боздиду шиносоӣ бо ғуфраҳоинамоишгоҳ таҳия намудаанд”.

Ҳайъати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои навро барояшон боз мекунад. Мирзоқодир Бақоев, мудири ширкати “Спитамен Текстайлз”, мегӯяд: “Мо аз ин имконияти нодир ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави истеҳсол ва коркарди маҳсулот, пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориву сармоягузорӣ ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири истеҳсоли ришта, матоъ, рангубор ва дӯзандагӣ хушҳолем. Ин намоишгоҳ ҳамчунин ба ҳайси макони муҳимме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав хидмат мекунад”.

ITMA-2019 таҷҳизоти навтарини ҷаҳониро ба маърази бинандагон мегузорад ва самтҳои рушди технологияи ояндаро муаррифӣ менамояд. Дар ҷараёни намоишгоҳ, МТБ ҳамчунин нахустин бор табодули таҷриба миёни ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳавии ҳамаи шаш кишвари баҳрагирандаи Барномаи нассоҷияшро баргузор мекунад, ки ин кишварҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Осиёи Марказӣ ва чаҳор кишвари арабии Урдун, Миср, Тунис ва Марокаш мебошанд.

МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ барои корхонаҳои шарики лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад. 

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s