International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асал ва зардолуи Тоҷикистон дар бозорҳои Аврупо: Роҳ чӣ қадар аст?

Leave a comment

Kosim KurbonovТоҷикистон талошҳо дорад, то содироти худро гуногун сохта, аз имкониятҳое, ки табиат барояш арзонӣ доштааст, барои ин ҳадаф истифода барад. Вале талабот дар бозорҳои беруна, махсусан, бозорҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон осон намебошанд ва бояд ба меъёрҳои гуногуни он бозорҳо мутобиқ буд, то дарашро бароят боз намоянд. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) бо пуштибонии молии Раёсати рушди савдо ва меъёрҳои Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) чанд муддатест, ки дар роҳкушоӣ ба бозорҳои дунё, қабл аз ҳама Аврупо, ба Тоҷикистон ёрӣ медиҳад. Дар суҳбате бо мушовири МТБ дар Тоҷикистон, мутахассиси ҳушманди бехатарии ғизо Қосим Қурбонов тафсилоти бештарро пурсон шудем.

Чанде пеш Шумо ва ҳамкоронатон зардолуи хушк ва занбӯри асали Тоҷикистонро таҳлилҳои лабораторӣ гузаронида будед. Бигӯед, ки ин чӣ гуна таҳлилҳо буданд ва чӣ натиҷа доданд?

Дар раванди татбиқи чорабиниҳои ниҳоии барномаи Раёсати рушди савдо ва меъёрҳои СТҶ (STDF) мавсум ба «Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ барои маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми беҳтаргардонидаи бехатарии хӯрокворӣ» мо 24 намунаи зардолуи хушк ва 28 намунаи асалро аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд, Хатлон ва водии Рашт гирифтем. Намунаҳо дар яке аз ташхисгоҳҳои Олмон бо ҳадафи муайян сохтани мавҷудияти боқимондаи заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ, ки ҳангоми парвариш ва истеҳсоли зардолуи хушк ва асал истифода мешавад, таҳлил шуд.

Хушбахтона, боқимондаи заҳрхимикатҳо дар намунаҳо ёфт нашуд. Лекин, натиҷаҳои ташхиси баъзе намунаҳо гувоҳӣ аз истифодаи зиёд аз меъёри олтингӯгирд (дуоксиди сулфур) дар зардолуи хушк ва антибиотикҳо дар парвариши занбӯри асал медиҳанд. Дар ҳашт намунаи зардолуи хушк сатҳи олтингӯгирд аз меъёр зиёд буд. Тақрибан, дар нисфи намунаҳои асал боқимондаи антибиотикҳо аз меъёр зиёд буд. Ташвишовар ин аст, ки дар 10 намунаи асал боқимондаи антибиотикҳое дарёфт шуданд, ки истифодаи онҳо тамоман манъ аст. Тибқи таҳлил, 12 намунаи асал ва 8 намунаи зардолуи хушк ба меъёрҳои бехатарии байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд.

Натиҷаҳои мазкур вазорату идораҳои марбутаро водор менамояд, то ҷиҳати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ чораҳои мушаххас андешанд, зеро дорувории байторӣ ва олтингӯгирд дар коркард ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ/хӯроквори низ истифода мешавад. Дар ин росто, баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кишоварзон ҷиҳати истифодаи дурусти агрохимикатҳо ва дорувории байторӣ, таҳия ва амалигардонии нақшаи мониторинги боқимондаҳои заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ ҳангоми парвариш ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала мебошад. Инчунин, нақшаи мазкур ба дастрасгардонии бозори Иттиҳоди Аврупо барои содироти асали Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Вазъи асалпарварӣ ва омодасозии зардолуи хушк дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, чӣ гуна аст? Мо чӣ миқдор маҳсулот истеҳсол мекунем, бо онҳо чӣ кор мекунем? Барои беҳтар кардани сифат ва афзоиши миқдори истеҳсолот бояд чӣ кор кунем? 

Мувофиқи омори расмӣ, дар соли 2017 дар кишвар 132628 тонна зардолу (80%-85%-ашро зардолуи хушк ташкил медиҳад) ва 4101 тонна асал истеҳсол шуда буд. Тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон тақрибан 200000 оилаи занбӯр вуҷуд дорад. Дар ҷумҳурӣ барои танзим ва рушди занбӯрпарварӣ ва зардолу аз ҷониби секторҳои хусусӣ ва давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Вале барои афзоиши истеҳсолот ва роҳёбӣ ба бозорҳои содиротӣ ин чораҳо басанда нестанд. Талабот нисбат ба асал ва зардолуи хушк дар бозори дохила нисбатан баланд нест. Аз ин лиҳоз, истеҳсолкунандагон бояд маҳсулоти худро ба бозорҳои беруна низ бароранд. Бозори содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ҳоло асосан ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ мебошанд. Асал бошад ба миқдори на он қадар зиёд ба кишварҳои араб, Афғонистон ва ИМА низ содир мешавад.

Дар бозорҳои содиротӣ, махсусан бозорҳое, ки ин ду маҳсулот нисбатан гаронтар аст, рақобат шадид аст. Вале Тоҷикистон метавонад дар ин бозорҳо афзалияти худро истифода барад, афзалияти Тоҷикистон – имконияти истеҳсол ва фурӯши асали табиӣ бе истифода аз дорувории байторӣ ва дигар мавод мебошад. То ки асал дар бозорҳои муҳим рақобатпазир бошад, занбӯрпарварон бояд истеҳсолро афзоиш дода, талаботи  меъёрҳои сифат ва бехатарии онро таъмин намоянд ва сохторҳои назоратӣ бояд бехатарии онро кафолат диҳанд. Иловатан, дар баъзе бозорҳо талаботи махсус низ вуҷуд дорад.

Масалан, барои содироти асал ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистон бояд ба руйхати  давлатҳои сеюм, ки барояшон содироти асал иҷозат дода шудааст, ворид шавад. Барои ин, Тоҷикистон бояд нақшаи мониторинги боқимондаҳои ифлоскунандагон/контаминатҳоро (пестисидҳо ва дорувории байторӣ) таҳия намуда, ба сохтори марбути ИА барои тасдиқ пешниҳод намояд. Тасдиқи ин нақша нисбатан тӯлонӣ мебошад, чунки барои тасдиқи он ИА табалоти худро нисбат ба сохтори назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан асал, пешниҳод мекунад. Дар маҷмӯъ, ин талабот нисбат ба назорати боқимондаҳои ифлоскунандагон, вазъи истеҳсоли асал, фаъолият ва иқтидори ташхисгоҳҳо ва ғайра мебошад. Яъне, талабот на танҳо маҳсулотро, балки тамоми сохтори назорати бехатарии маҳсулоти хӯроквориро фаро мегирад.

То ҷое медонем, лоиҳаи шумо низ маҳз барои мусоидат ба беҳтар кардани ҳамин вазъ ва роҳёбӣ ба бозорҳои беруна фаъолият мебарад. Мушаххасан метавонед бигӯед, ки барои расидан ба ин ҳадаф чӣ корҳое анҷом медиҳед.

Дар доираи гранти Раёсати рушди савдо ва меъёрҳои СТҶ (STDF), Маркази тиҷорати байнулмилалӣ барномаи «Мусоидат ҷиҳати дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ барои маҳсулоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми беҳтаргардонидаи бехатарии хӯроквори»-ро оғоз бахшид, ки он асосан ба қонеъгардонии талаботи афзалиятноки ҷумҳурӣ оид ба таъминоти бехатарии маҳсулоти хӯрока равона шудааст. Дар иҷрои ин барнома саҳми Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO) ва ҳамкориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ калидӣ мебошад.

Барнома ҳадаф дорад, то рақобатпазирии корхонаҳои хурд ва миёнаи кишварро дар  бозорҳои содиротӣ беҳтар гардонад ва дар таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ тавассути истифодаи дурусти агрохимикатҳо ва дорувории байторӣ, махсусан дар истеҳсоли асал ва зардолу, саҳм гузорад. Вазифаҳои асосии барнома иборатанд аз:

  1. Беҳтаргардонии фаъолияти сохторҳои назоратӣ, низоми назорат ва истифодаи воситаҳои агрохимиявӣ ва байторӣ;
  2. Баланд бардоштани донишу малакаи баҳрабарандагони лоиҳа доир ба истифодаи агрохимикатҳо ва дорувории байторӣ;
  3. Беҳтар гардонидани дастрасии корхонаҳои хурду миёнае, ки талаботи санитарию фитосанитариро риоя мекунанд, ба сарчашмаҳои маблағгузорӣ;
  4. Барқарории робитаҳои зич миёни истеҳсолкунандагони зардолу ва асали тоҷик бо харидорон дар бозорҳои содиротӣ.

Мо аллакай ба хотири муайян намудани ҳаҷм ва муҳиммияти мушкилоти соҳа, баҳогузории появии сохтори назорати истифодаи агрохимикатҳо ва дорувории байторӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандагонро гузаронидем. Фаъолияти лоиҳаро дар асоси натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба роҳ мондаем.

Дар мавриди истифодаи дорувориҳои кимиёвӣ. Дар миёни мардум ақидае мавҷуд аст, ки беҳтар аст аз дорувориҳои кимиёвӣ истифода нашавад. Ҳатто мегӯянд, ҳамон меваеро бихӯред, ки онро кирм мехӯрад. Оё ин ҳама ҳаросу эҳтиёткориҳо замина доранд ва ё иғроқ ҳам ҳаст?

Дар замони муосир парвариши маҳсулоти кишоварзии табиӣ, яъне, бе истифодаи заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ мушкил аст, чунки талафот аз таъсири ҳашароти зараррасон ва бемориҳои растанӣ ва ҷонварон ниҳоят зиёд мешавад. Вале, табиати Тоҷикистон, усулҳои агротехникӣ ва истифодаи методҳои биологӣ дар мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон имконияти муфидро барои парвариши маҳсулоти табиӣ фароҳам меорад.

Тавре дар боло қайд намудам, рақобатпазирӣ дар бозорҳои содиротӣ рӯз аз рӯз шиддат меёбад. Инчунин, талабот ба маҳсулоти хӯрокаи бехатар низ баланд шуда истодааст ва дар ин самт талабот ба маҳсулоти кишоварзии табиӣ, ки бо номи «органикӣ» маълум аст, баланд шудааст. Аз ин лиҳоз, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бояд ин афзалияти худро истифода баранд, махсусан, барои асал ва зардолуи хушк, ки дар айни замон имконияти нисбатан бештари содиротӣ доранд.

Дар мавриди бехатар будани меваи кирмзада барои истеъмол, ман он қадар боварии бисёр надорам, чунки ҳашарот ва насли онҳо (ки мо онро кирм меномем) нисбат ба заҳрхимикатҳо бо мурури замон устуворӣ пайдо мекунанд ва метавонанд дар маҳсулоти бо заҳрхимикатҳо коркардшуда, низ афзоиш ёбанд.

Як самти фаъолияти шумо омӯзондани корхонаҳо, ширкатҳои содиротӣ, ва кормандони ниҳодҳои гуногуне, ки ба соҳа рабт доранд, мебошанд. То ҳоло чӣ гуна давраҳои омӯзишӣ баргузор кардаед ва боз ба кадом омӯзишҳои дигар ниёз аст?

Барнома бо баҳогузории появӣ оғоз шуд. Ҳамин моҳи гузашта як силсила семинарҳои машваратӣ дар мавзӯъҳо зерин баргузор намудем: Муқокимаи натиҷаҳои ташхиси боқимондаҳои заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ дар зардолуи хушк ва асал; Идораи сифати содирот ва талабот чиҳати роҳёбӣ ба бозорҳои содиротӣ; Шиносоӣ бо талаботи санитарию фитосанитарии ИА нисбат ба асал ва муҳокимаи шарт ва шароити роҳёбӣ ба бозори ИА барои содироти асали Тоҷикистон. Ҳамчунин, дар мизи гирде таҳияи нақшаи мониторинги боқимондаҳои заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан асалро муҳокима кардем. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 40  намояндаи бахши хусусӣ ва сохторҳои назорати бехатарии маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон иштирок варзиданд.

Шумо, махсусан, роҳ ба бозори Аврупоро таъкид мекунед. МАълум аст, ки маҳслуот дар он бозор бо нархи гарон фурӯхта шуда, манфиаташ ба содироткунандагон бештар мераад. Лоиҳаи Шумо барои баровардани маҳсулоти Тоҷикистон ба ин бозорҳо мусоидат менамояд. Доир ба  ин самти фаъолиятатон низ маълумоти бештар диҳед, лутфан.

Фаъолияти мо дар ин самт, асосан, барои беҳтар гардонидани назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан, зардолуи хушк ва асал равона шудааст. Мо, мушахассан, дар таҳия ва пешниҳоди нақшаи мониторинги боқимондаҳои заҳрхимикатҳо ва дорувории байторӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ, махсусан асал ва зардолуи хушк кӯмаки зеҳнӣ мерасонем. Ҳамчунин, истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо ва дорувории байториро ба занбӯрпарварон ва истеҳсолкунандагони зардолуи хушк ёд медиҳем. Бозомӯзии мушовирон ва муаллимон, аз шумори мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, иттиҳодияҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мавзӯъимеъёрҳои байнулмилалӣ низ ҷузви фаъолиятҳои мост. Албатта, дар пайдо намудани харидорон дар бозорҳои содиротӣ, махсусан, дар бозорҳои Иттиҳоди Аврупо низ бевосита кӯмак мерасонем.

Бознашр аз рӯзномаи “Имрӯз Нюз”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s