International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтаринҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд

Leave a comment

Барои аввалин бор дар Тоҷикистон корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар барои соли 2019 муайян гардиданд.

DSC_0415

Имрӯз, 18-уми июл, бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) дар шаҳри Душанбе Форуми миллӣ бахшида ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон  баргузор гардид. Форуми миллӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) доир гардид, ки ин Барнома дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои хусусии соҳа, иттиҳодияҳо, ширкатҳои консалтингӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ва созмонҳои байналмилалӣ ҷамъ омада, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Файзалӣ Раҷабов, ки имрӯз барои 3-соли дигар Раиси Шӯрои ИРБаХТ интихоб гардид, гуфт: “Дар замоне, ки кишварҳои ҳамсоя ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии худ аҳаммияти зиёд медиҳанд ва имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд, то дар баробари таъмини бозори дохилияшон бо маҳсулоти нассоҷӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бароянд, мо низ бояд аз ин раванд ақиб намонда, сари масъалаи афзоиши коркарди ниҳоии пахи пахта то ба маҳсулоти тайёр фикр кунем. Танҳо дар сурати баланд бардоштани зарфиятҳо ва тавоноиҳои ширкатҳои ватанӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, зеҳнӣ ва молиявӣ метавонем ба ҳадафи стратегии коркарди ниҳоии пахта то ба маҳсулоти тайёр дар дохили ҷумҳурӣ даст ёфта, бозори дохилиро аз даст надиҳем ва дар бозори минтақавӣ рақобатпазир гардем”. 

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон доир ба вазъи феълӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти коркарди ниҳоии нахи пахта, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ суханронӣ намуд.

DSC_0373Дар ин чорабинӣ инчунин пажӯҳиш оид ба вазъи кунунии бозори либос дар кишвар, ки бо пуштибонии молиявии МТБ аз ҷониби профессор Азизулло Авезов ва ширкати маҳаллии консалтингии Business Consulting Group гузаронида шудааст, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, ширкатдорони форум бо фаъолияти Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, корхонаҳои соҳа,  Иттифоқи касабаи коркунони саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти татбиқи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ шинос гардиданд.

DSC_0439Дар ҷараёни ҳамоиш, барои аввалин бор дар таърихи кишвар корхонаҳо ва соҳибкорони беҳтарини соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар соли 2019 дар панҷ бахш муайян гардиданд. Рӯйхати ғолибони ин озмун ба ин тартиб аст:

Корхонаи беҳтарини коркарди ниҳоии нахи пахта: “Ҷавонӣ” (Хуҷанд) дар ҷойи якум ва “Сатн” (Хуҷанд) дар ҷойи дуюм;
Корхонаи беҳтарини ресандагӣ: “Файзи Истиқлол – 2011” (Ҳисор);
Корхонаи беҳтарини кешбофӣ (ҷӯроббофӣ): “Ваҳдат” (Ёвон);
Корхонаи беҳтарини дӯзандагӣ: “Лидер” (Хуҷанд) дар ҷойи якум ва “Гулистони Душанбе” (Душанбе) дар ҷойи дуюм;
Соҳибкори беҳтарини ҷавони соҳа: Илҳом Мирзоев – соҳибмулк, директори генералии ҶДММ “Ваҳдат” (Ёвон).

Собиқадорони меҳнати соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ва роҳбарони корхонаҳои истеҳсолии фаъоли аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон низ барои нақш ва заҳматҳояшон дар рушди саноати кишвар қадрдонӣ шуданд.

Дар анҷом, ҳайъатҳои нави Шӯрои ИРБаХТ ва комиссияи назорати тафтишотии ИРБаХТ, ҳамчунин, Раиси Шӯрои ИРБаХТ интихоб гардиданд. Файзалӣ Раҷабов, ки аз соли 2017 Раисии Шӯрои ИРБаХТ-ро бар дӯш дорад, барои давраи то соли 2021 аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s