International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинг доир ба василаҳои тадқиқи бозори байналмилалӣ ҷиҳати рушди тиҷорат

Leave a comment

Мушовирон ва муҳаққиқони тоҷик дар як давраи омӯзишии серӯза, ки аз 27-ум то 29-уми августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳҳо ва василаҳои тадқиқи бозори байналмилалиро омӯхтанд.

This slideshow requires JavaScript.

Давраи омӯзишии мазкур, ки махсус барои ниҳодҳои пуштибони тиҷорати Тоҷикистон, аз ҷумла ширкатҳои консалтингӣ, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ тарҳрезӣ шуд, аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ баргузор гардид.

Давраи омӯзишӣ ин ҳадафҳоро пайгирӣ мекард: Омӯзиши методологияҳои асосии мавҷуда барои гузаронидани тадқиқот ва истифода аз онҳо; истифодаи амалии василаҳо ва роҳҳои пажӯҳиши бозор ҷиҳати таҳлили бозорҳои байналмилалӣ; тақвияти тавоноии иштирокчиёни давраи омӯзишӣ дар самти омодасозии гузоришҳо доир ба бозорҳои мувофиқ барои корхонаҳои манфиатдор; дарки беҳтари фазои ҳозираи тиҷорат барои пешниҳоди ёрии иттилоотӣ ба содироткунандагон ҷиҳати тасмимгириҳои тиҷоратӣ; ва ҳамчунин, муайян кардани бозорҳои эҳтимолӣ барои содирот ва дарёфти роҳҳои вуруд  ба ин бозорҳо. Давраи омӯзишӣ бо дархости ниҳодҳои пуштибони тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, чун онон ба тақвияти тавоноӣ барои баргузории тадқиқоти бозорҳо бо истифода аз василаҳои муосир ва самаранок ва таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ниёз доштанд.

Барои гузаронидани ин давраи омӯзишӣ коршиноси байналмилалии соҳибтаҷриба Мигел Камачо (Miguel Camacho), ки 17 сол боз дар ҷиҳати омодасозӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ барои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар 25 кишвар фаъолият кардааст, даъват гардид.

Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон бо бастаи василаҳои навтарини тадқиқи бозорҳои байналмилалӣ ва таҳияи гузоришҳо аз рӯи ин тадқиқот шинос шуданд. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ фаъолона дар дарсҳо иштирок намуда, интихоби василаи лозимаи муассир барои баргузории тадқиқот ва истифодаи маълумоти муайяншударо барои таҳияи гузориши таҳлилӣ омӯхтанд. 

This slideshow requires JavaScript.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s