International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саноат. Ояндаи соҳа дурахшон аст!

Leave a comment

Ҳамагӣ чанд сол пеш харидорон дар бозорҳои кишвар моли (сухан дар бораи либос аст) ватании рақобатпазир, яъне зебою босифатро бо мушкилӣ пайдо менамуданд, зеро либос, асосан, аз хориҷа ворид мешуд. Дар пайи амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан пахта ва тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати мамлакат вазъ тағйир ёфт.

Ба раванди истеҳсоли либос эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат кард. Зеро ҳоло ҳунармандон дар шаҳру деҳот бо таъсис додани корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ истеҳсоли либосҳои босифатро ба роҳ мондаанд. Бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисоди кишвар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ қарор ёфтани саноатикунонии босуръати мамлакат иқдоми муҳимест, ки ба афзоиши коркарди ашёи хом ва зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатии рақобатпазири содиротию ивазкунандаи воридот такони ҷиддӣ мебахшад.

Умуман, тайи чанд соли охир соҳаи саноати сабук дар кишвар рӯ ба рушд дорад. Дар бахши ресандагӣ иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, назири  маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил», «Файзи истиқлол – 2011», «Ҷавонӣ», «САТН», «Спитамен текстайл», «Неку Хуҷанд», «Ресандаи Кӯлоб», «Хима текстил» ба кор андохта, корхонаҳои пешӣ бо техникаю технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Имрӯз дар корхонаҳои ресандагӣ пешрафтатарин хатҳои технологии коркарди нахи пахта аз Италия, Швейтсария, Олмон, Чин, Ҷопон, Чехия, Россия ва ширкатҳои маъруфи кишварҳои дигари мутараққӣ васлу насб гардиданд, ки ба баланд бардоштани сифат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат мекунанд.

Соҳаи дӯзандагии кишвар низ дар пайи амалисозии тадбирҳои Ҳукумати мамлакат тамоюли устувори рушд касб намудааст. Алҳол ҳиссаи қиёсии он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати сабук 20 – 25 дарсадро ташкил менамояд. Коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ асосан либоси мактабӣ, низомӣ, варзишӣ, махсус, рахти хоб, ҷиҳози нарм ва молҳои дигари мавриди ниёзи мардум истеҳсол мекунанд. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, истеҳсолоти дӯзандагӣ босуръат рушд карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз 124,2 миллион сомонии соли 2014 соли гузашта ба 267,2 миллион сомонӣ расонда шуд. Суръати рушд 2,2 баробарро ташкил дод, ки нишондиҳандаи хеле баланд маҳсуб меёбад.
Айни ҳол рушди содирот яке аз вазифаҳои муҳимтарини кормандону масъулони бахши нассоҷию дӯзандагии кишвар ба шумор рафта, ҳамкории густурдаи Ҳукумати мамлакат бо кишварҳои дар ин соҳа пешрафта ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Маркази байналмилалии тиҷорат – ҳамоҳангсози барномаҳои дастгирии соҳаҳои нассоҷию дӯзандагии кишвар самараи хуб бор овардааст.

Соли гузашта Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии дӯзандагӣ шомил шуд. Ҳадафи асосии барнома мусоидат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ буда, пойгоҳи хубест барои дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва харидорони маҳсулоти ватанӣ дар хориҷа. Ҳоло 24 корхонаи нассоҷию дӯзандагии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аъзои фаъоли барномаанд. Танҳо тайи шаш моҳи аввали соли равон намояндагони ин корхонаҳо молу маҳсулоти худро дар бонуфузтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ дар шаҳрҳои калонтарини Туркия, Испания, Россия ва Покистон ба намоишу фурӯш гузоштанд.

Пайваста омӯхтани вазъи бозор, хусусан ҳиссаи истеҳсолоти ватанӣ дар он, яке аз роҳҳои самарабахши рушду равнақи истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ва беҳтар намудани сатҳи рақобатпазирии он мебошад. Чанде пеш дафтари Маркази тиҷоратии байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши бозори либоси кишвар, муайян намудани ҳиссаи молҳои истеҳсоли дохилию воридотӣ ва роҳҳои рақобатпазир гардондани маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби олимону мутахассисони ватанӣ пажӯҳиши нахустин гузаронд.

– Ҳадафи мо тавассути муайян намудани вазъи бозори либоси кишвар баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти соҳаи нассоҷиву дӯзандагии мамлакат мебошад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф марказ ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбута ёрии вижаи соҳавӣ мерасонад. Дар кишвар ҳоло қариб 100 корхонаи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ҷойгиранд. Таъсиси корхонаҳои нав  ба фароҳам гардидани  ҷойҳои кор, афзоиши ҳаҷми содирот мусоидат намуд ва дар бозори дохилӣ мавқеи либоси воридотиро то андозае маҳдуд намуд. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар бозори либоси кишвар ҳиссаи калон ба молҳои воридотӣ рост меояд. Аз ин рӯ, муайян намудани вазъи бозор ва мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар он зарур мебошад, – гуфт Сайидмуъмин Камолов, роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон.

Тавре аз омӯзиши бозор муайян шуд,  ҳаҷми умумии либос дар бозори кишвар соли гузашта қариб 250 миллион долларро ташкил дод. Қисми бештари либосворӣ аз Чин ва Туркия, қисмати ночизи он аз  Россия (0,5 дарсад), Қирғизистон  (0,5), Италия (1), Кореяи Ҷанубӣ (0,9), Ҳиндустон  (0,9), Испания  (0,7) ва  Амороти Муттаҳидаи Араб (0,6 дарсад) ворид мегардад.

Маълумоти дақиқ доир ба вазъи бозори либос, омилҳо ва тамоюли рушди он  барои беҳбудии фаъолияти корхонаҳои соҳа ва соҳибкорон аҳамияти калон дорад. Дар асоси он роҳҳои рушд додани истеҳсолот вобаста ба талабот ва равандҳои бозорӣ муайян карда мешаванд. Баробари ин, ҳангоми омӯзиши вазъи бозор воридоти ғайрирасмии (қочоқи) либос ва  маҳсулоти пастсифати коргоҳҳои зиёди ғайрисоҳавӣ (пинҳон), ошкор шуданд, ки, албатта, фош гардидани онҳо ба манфиати рушди корхонаҳои қонунии соҳа мебошад.

Истеҳсоли либоси мактабӣ яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ буда, рушди босуръати он ба таъсиси ҷойҳои нави кор (хусусан дар деҳот) ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии истеҳсолгарони ватанӣ пайваста имкониятҳои тоза фароҳам меоварад. Ҳадафи қарори нави Ҳукумати мамлакат аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи номгӯи либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ, ки таҳвили (фурӯши) онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад» низ пасттар намудани нархи либоси мактабӣ ва коҳиш додани ҳаҷми моли воридотӣ мебошад.

Тайи нимсола дар мамлакат 401 ҳазору 239 комплект либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 80 ҳазор зиёд аст. Айни ҳол либоси мактабӣ дар корхонаҳои кишвар бо риояи санадҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати кишвар истеҳсол гардида, сифати маҳсулот пайваста беҳтар мешавад.

Ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли либос пахта ва абрешим (нахи сунъии синтетикӣ кайҳо аз мӯд баромадааст) мебошанд. Тибқи хулосаи коршиносон, харидор бештар ба моле афзалият медиҳад, ки дорои навиштаи «100% cotton» (100% аз пахта) бошад. Дар манзари ин ҷойгоҳи баланди ҳидояти хирадмандонаи Сарвари давлат дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани пахта бештар ҷилвагар мешавад. Яъне Тоҷикистон барои дар бозори либос мавқеи шоиста пайдо намудан имкониятҳои хеле фарох дорад. То пирӯзии комил дар ин соҳа – монанд ба истеҳсоли масолеҳи асосии бинокорӣ, хусусан семент, ки дар муддати чанд сол аз воридот пурра ба содироти густурда гузаштем, ҳанӯз вақт бошад ҳам, раванди истеҳсоли либос дар мамлакат тамоюли устувори болоравӣ дорад ва ин хушбинкунанда аст.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s