International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳ ба масъалаи омодасозии мутахассисони худӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон

Leave a comment

Омодасозии мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон мавзӯъи марказии мизи гирде мебошад, ки имрӯз, 30-уми октябри соли 2019, дар шаҳри Душанбе, бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) баргузор мегардад. Ҳамкорӣ миёни давлат, муассисаҳои таълимӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати дастаҷамъона эҷод намудани пояҳои дониш ва тавоноӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз ҷониби ҳамаи тарафҳо ва коршиносони соҳа баррасӣ мешавад. 

Намояндагони 19 корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ (аъзои ИРБаХТ), чаҳор муассисаи таълимӣ, вазоратҳои марбута ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамроҳ ҷамъ омада, масоили рушди соҳаро дар кишвар, бо таваҷҷуҳи махсус ба омодасози мутахассисон ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои ҳалли ин мушкилот баррасӣ мекунанд.

Файзалӣ Раҷабов, Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, мегӯяд: “Дониш барои тиҷорат калиди муваффақият аст. Донишҳои замонавӣ ба тиҷорат имкон медиҳанд, ки бо маҳсулоти хуби худ марзҳоро убур карда, аз як соҳибкории маҳаллӣ ба бозори байналмилалӣ роҳ ёбад. Мушкили дарёфти мутахассисон дар самтҳои асосӣ барои рақобатпазири муассири саноати мо монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ҷавобгӯ набудани донишу мутахассисони пешниҳодӣ ба талаботи имрӯзаи соҳа ва бозори меҳнат, набуди дастрасии муассисаҳои таълимию омӯзишӣ ба фанновариҳои замонавӣ, мушкили ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба соҳа ва барномаҳои кӯҳнаи таълимӣ аз мушкилоти асосие мебошанд, ки дар ин мизи гирд баррасӣ мешаванд”.

Иштирокдорони мизи гирд вазъи феълии ҳамкориҳо миёни соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ карда, имкониятҳои нави тақвияти қадам ба қадами ин ҳамкориҳоро ҷӯё мешаванд. Ҳамчунин, стандартикунонии низоми маориф ва барномаҳо, фароҳамории имкониятҳои таҷрибаомӯзӣ барои донишҷӯён ва пешниҳоди корҳои рақобатпазир ва ҷолиб ҳам баррасӣ мешавад.

Чорабинии имрӯза бо ибтикори Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) татбиқ ва аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегард, баргузор мешавад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s