International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраҳои омӯзишӣ доир ба масъулияти иҷтимоии ширкат барои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон

Leave a comment

Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) таваҷҷӯҳро ба маcъулияти иҷтимоии ширкат (corporate social responsibility) дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боло мебарад.

Ду давраи омӯзишӣ доир ба масъулияти иҷтимоии ширкат барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе (12-уми ноябр) ва Хуҷанд (14-уми ноябр) баргузор мегардад. Баргузории давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, сурат мегирад.

Ҳадаф аз ин давраҳои омӯзишӣ боло бурдани сатҳи огоҳии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ва такмил додани таҷрибаи онҳо доир ба масъулияти иҷтимоии ширкат мебошад. Қисмати назариявии давраҳои омӯзишӣ иртибот миёни масъулияти иҷтимоии ширкат ва рушди устувори тиҷорат ва фоидабардории он, ҳамчунин, дастрасӣ ба бозорҳои байналмилалиро фаро мегирад. Равишҳои асосии масъулияти иҷтимоии ширкат дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, нафъи иқтисодӣ аз фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар маркази диққат дар давраҳои омӯзишӣ хоҳад буд. Бахши амалии давраҳои омӯзишӣ низ муҳим буда, иштирокдорон дар он стратегия ва нақшаи коргирӣ аз масъулияти иҷтимоии ширкатро таҳия мекунанд.

Мушовири байналмилалии МТБ бо таҷрибаи 12-сола дар ин самт Наталя Козленкова давраи омӯзиширо баргузор менамояд. Ӯ мегӯяд: “Тиҷорат барои таъсираш ба ҷомеа масъул мебошад. Тиҷорати имрӯза на танҳо барои ба даст овардани суду манфиат аст, балки боз муваззаф аст, то бехатарии махсулотро таъмин намояд, ҳуқуқи инсонро муроот кунад, шароити кориро беҳтар созад, табиатро олуда накунад ва гуногунии табиатро хароб нанамояд, ва ҳамчунин, шаффофият ва масъулиятшиносиро таъмин намояд. Мо бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон дар ин мавзӯъҳо ҳарф хоҳем зад”.

Бону Козленкова мегӯяд, мавзӯъи мазкур барои он корхонаҳои Тоҷикистон, ки дар шароити нави иқтисоди бозорӣ фаъолият мебаранд, муҳим аст. Кордиҳандагон бояд бифаҳманд, ки сармоягузорӣ рӯи шароити хуби корӣ ба манфиати корхона буда, корхонаро устувортару сермаҳсултар мегардонад. Тағйири рафтори харидорони насли нав ва сатҳи боло рафтаи интизороти сармоягузорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди таъмини шаффофияти тамоми занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулот аз ширкатҳо тақозо мекунад, то масъулиятшинос бошанд. Истифода аз таҷрибаҳои масъулияти иҷтимоии ширкат яке аз шартҳои вуруд ба бозорҳои байналмилалӣ буда, ба афзоиши маҳсулнокӣ ва рақобатпазирӣ боис мешавад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ мусоидати худро ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар рушди масъулияти иҷтимоии ширкат идома медиҳад.

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s