International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имкониятҳои дастрасӣ ба маблағгузорӣ ба корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Leave a comment

Навтарин барномаҳо ва имкониятҳои дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва дарёфти  маблағгузорӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони хурду миёна пешниҳод мешаванд, ба намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар дар ҷараёни вохӯриҳо дар шаҳрҳои Душанбе (17-уми декабр) ва Хуҷанд (19-уми декабр) муаррифӣ гардиданд.

Ин чорабиниҳо бо ибтикори ширкати маҳаллии консалтингии “ACT Development Group” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дастгирӣ мешавад, ва дар ҳамкорӣ бо Намояндагии GEFF дар Тоҷикистон ва кооперативи  “Сароб” баргузор гардиданд. 

Дар ин чорабиниҳо созмонҳои молияви маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ  хидматрасониҳои худро муаррифӣ намуданд.

Иштирокдорони чорабиниҳо, ҳамчунин, бо раванд ва василаҳои дигари дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва дарёфти маблағгузорӣ дар Тоҷикистон шинос шуданд.

Рустам Шодибеков, директори ширкати “ACT Development Group”, мегӯяд: “Ҳадафи мо аз баргузории ин чорабиниҳо шиносоӣ ва баҳогузории хидматрасониҳо ва василаҳои мавҷудаи молияию  маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна ва шароити пешниҳоди ин маблағгузориҳо буд. Мо, ҳамчунин, бо эҳтиёҷоти корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ дар робита ба маблағгузорӣ ва мушкилоте, ки онҳо дар ин роҳ гирифторанд, ҳамчунин, мушкилоти созмонҳои маблағгузор дар роҳи пешниҳоди маблағҳо шинос шудем”. 

Беҳбуд бахшидани дастрасӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ ба бахши хусусӣ имкон медиҳад, то тиҷорати худро тавсеа бахшанд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам оваранд ва дар рушди иқтисод дар кишвар саҳм гузоранд.

Чорабиниҳо, ҳамчунин, имконияте барои табодули маълумот ва барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ миёни созмонҳои молиявӣ, созмонҳои маблағгузор, ширкатҳои консалтингӣ ва корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ буданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s