International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талошҳои ИРБаХТ барои ояндаи нассоҷии Тоҷикистон

Leave a comment

Дар соли 2019 бо ёрии МТБ Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) фаъолона манфиатҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишварро дар панҷ гуруҳи кории идоравӣ ҳимоя кард ва дар беҳтар кардани чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ва шароити мусоид ва созгори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон саҳм гузошт. Силсилаи мизи гирдҳо бошанд, намояндагони идораҳои давлатӣ ва соҳибкоронро дар се шаҳри бузургтарини ҷумҳурӣ ба ҳам оварда, муколамаи судманд миёни бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатиро тақвият бахшиданд ва дар муайянсозии самтҳои бартар барои рушди соҳа замина гузоштанд.

Талошҳои Иттифоқ имсол бо барқарорсозии муносибатҳои наздики тиҷоратӣ ва машваратӣ миёни корхонаҳои соҳа анҷом ёфта, рақобати дирӯзро ба ҳамкориҳои имрӯз табдил доданд. Танҳо дар соли 2019, 22 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ узви Иттифоқ шуданд ва шумораи умумии аъзои Иттифоқро аз ҳисоби соҳа ба 34 адад расид. Пардохти аъзоҳаққии ихтиёрӣ дар муқоиса бо соли 2018 тақрибан 90% бештар шуд. Барои нахустин бор дар таърихи истиқлоли кишвар корхонаҳои беҳтарини соҳа қадрдонӣ гардиданд. Дар моҳи октябр бошад, бо баргузор намудани мизи мудаввар ва муҳокимаҳо дар атрофи беҳтар намудани робитаи илму истеҳсолот, Иттифоқ миёни ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва донишгоҳҳо пули ҳамкорӣ эҷод кард.

This slideshow requires JavaScript.

Дар сатҳи байналмилалӣ, тӯли солҳои 2018-2019, Иттифоқ ҳафт созишнома оид ба ҳамкориро бо иттиҳодияҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбекистон имзо кард.

Файзалӣ Раҷабов, раиси Шӯрои ИРБаХТ, ба МТБ барои мусоидатҳои пайвастаи фаннӣ ва молӣ дар роҳи расидан ба дастовардҳои боло изҳори сипос мекунад: “Ин гуна фаъол будан дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоту нигаҳдории мавқеъи мо дар бозорҳои беруна бе дастгирии МТБ имконнопазир мебуд. Ёриҳои МТБ на танҳо иқтидорҳои корхонаҳои моро тақвият мебахшанд, балки боз ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занон, эҷод карда, даромадҳоро, махсусан дар минтақаҳои дурдаст, боло мебарад”.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s