International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дари бузургтарин намоишгоҳи либоси варзишии ҷаҳон ба рӯи Тоҷикистон боз шуд

Leave a comment

Барои аввалин бор, ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон аз ISPO Munich, бузургтарин намошгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон, боздид мекунанд.

ISPO_Munich_2019_jf_2099

Акс аз Messe München GmbH

Тоҷикистон дар қатори бештар аз 120 кишвари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ – Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 26-ум тo 29-уми январи соли 2020 дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад, иштирок мекунад. Дар он зиёда аз 2800 ширкат маҳсулоти тозатарини худро ба тақрибан 85 000 боздидкунанда ба маъраз мегузоранд. Панҷ корхонаи истеҳсолкунандаи либоси варзишии Тоҷикистон – “Ваҳдат”, “Гулистони Душанбе”, “Лидер”, “Раҳимов A.A.”, ва “Сапсан” дар ин намоишгоҳ бо навтарин ва замонавитарин таҷҳизот, кафш ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ  ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё ошноӣ пайдо мекунанд.

ISPO Munich намоишгоҳи тиҷоратии B2B (тамоси мустақими бизнес бо бизнес) буда, дар миёни коршиносони тиҷорати варзишӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии соҳа шинохта шудааст. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ пойгоҳи муҳими роҳандозии робитаҳои  тиҷоратӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, чун ҳар нуҳумин иштирокчии он берун аз Олмон, аз кишварҳое назири Иёлоти Муттаҳида, Италия, Бритониёи Кабир ва Чин мебошанд. Феълан, бархе аз истеҳсолгарони либосҳои варзишии Тоҷикистон бо брендҳои маъруфи олами варзиш, ба монанди Lotto, Umbro ва чаканафурӯшҳо, ба монанди Decathlon тавассути миёнаравҳо кор мекунанд. Дар қадами баъдӣ, ширкатҳои тоҷик мехоҳанд, мустақиман бо брендҳои варзишӣ тамос кунанд ва доираи муштариёнашонро фарохтар созанд. Иштирок дар намоишгоҳи ISPO барои роҳандозии равобити мустақим бо брендҳои ҷаҳони варзиш имконияти хуберо фароҳам меорад.

Дар ҳоле ки Федератсияи Русия бозори аслии содироти маҳсулоти варзишии Тоҷикистон боқӣ мемонад, Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ба корхонаҳои Тоҷикистон дар гуногунсозии бозори содирот, беҳтар кардани сифати маҳсулот, мувофиқат ба талаботи бозорҳо ва муштариёни беруна, афзоиши ҳаҷми содирот ва дар натиҷа ташкили ҷойҳои бештари корӣ дар дохили кишвар мусодат менамояд. Содироти либоси варзишӣ аз Тоҷикистон нисбат ба  воридоти он як баробар бештар аст. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2017 ба кишвар тақрибан ба маблағи 800 000 доллари ИМА маҳсулоти варзишӣ ворид шудааст. Истеҳсолкунандагони либоси варзишӣ бошанд, аз Тоҷикистон дар ҳамон сол баробар ба маблағи якуним миллион доллари ИМА маҳсулоти варзишӣ содир кардаанд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои Тоҷикистон ба онҳо имкон медиҳад, то ҳам бозори дохилиро бо либоси варзишӣ таъмин намоянд ва ҳам ҳузури худашонро дар бозорҳои минтақавӣ тақвият бахшанд. Мувофиқи тадқиқоти “Вазъи бозори либоси Тоҷикистон”, ки бо мусоидати МТБ таҳия гардид ва 31-уми июли соли 2019 нашр шуд, ҳаҷми умумии бозори либоси варзишӣ дар соли 2017 дар Тоҷикистон ба 15.6 миллион доллари ИМА баробар буд ва дар маҷмӯъ, либоси варзишӣ 6.5%-и бозори либосро ташкил медод. Либосҳои тамринӣ, шалворҳо ва футболкаҳо тақрибан 90%-и бозори либоси варзишии кишварро ташкил додаанд.

Боздид аз ISPO Munich дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин ибтикор дар ҳамкории наздик бо лоиҳаи “Ба сӯи рушди фарогири деҳот ва суботи иқтисодӣ” (TRIGGER II) амалӣ мешавад, ки онро Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH аз номи Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мекунад. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин сафар намояндагони ширкатҳои маҳаллии консалтингии ҳамкори МТБ –  “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” роҳбаладӣ мекунанд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ имконияти хуберо барои ширкатҳои ҳамкор фароҳам меорад, то тавассути дарёфти тамосҳои нави тиҷоратӣ ва маълумот доир ба таҷҳизоти наву замонавӣ ва талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ дар бозорҳои беруна рақобатпазиртар гарданд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s