International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Oртекс” истеҳсоли либосро бо меъёрҳои ҷаҳонии ранг ба роҳ монд

Leave a comment

Барои аввалин бор дар Тоҷикистон, либоси пахтагини дӯхти маҳаллӣ бо навиштаҷоти “замонати сифати ранг барои панҷ сол” истеҳсол мешавад.

20200117_111120

“Ортекс”, истеҳсолкунандаи ҷавони либос, дар кишвар нахустин шуда, барои либоси пахтагин чунин замонат медиҳад. Ҳамакнун, шим ва пиҷакҳо дар чаҳор ранги тираи зимистона дар дӯкони вижаи ширкат дар шаҳри Хуҷанд ва фурӯшгоҳҳои ҳамкор дар шаҳри Душанбе барои харидорӣ дастрас аст. Вобаста ба талаботи бозор, ширкат нақша дорад, то шумораи маҳсулот, навъ ва рангҳои онро афзоиш дода, коллексияҳои баҳорӣ ва тобистонаро низ илова намояд.

Ин муваффақият пас аз боздиди раҳбарияти ширкат аз  бузургтарин намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ – ITMA-2019, ки моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Барселона баргузор гардида буд, имконпазир гардид. “Ортекс” аз Испания бо таҷҳизоти рангпардозии лаборатории “Gester” баргашт ва онро дар корхонааш дар шаҳри Хуҷанд насб кард. Таҷҳизоти нав ба ширкат имконият медиҳад, то технологияи замонавии рангпардозиро аз худ кунад ва нахустин ширкати ватанӣ бо чунин замонати устувории ранг барои маҳсулоташ гардад.

DSC_0173

Абдурозиқ Орипов, мудири “Ортекс”, бар ин бовар аст, ки ҳар ширкате, ки мехоҳад мавқеяшро дар бозорҳои беруна мустаҳкам гардонад, бояд ин гуна таҷҳизоти замонавиро соҳиб шавад, то боварӣ ва эҳтироми муштариёнро ба даст орад. Ӯ мегӯяд: “Мо хушҳолем, ки метавонем барои расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии кишвар саҳм гузорем. Ҳамчун истеҳсолкунандаи либоси пахтагин, мо мақсад дорем, то ҳамватанони худро бо либосҳои босифат ва зебо таъмин карда, мавқеъи худро низ дар бозорҳои минтақавӣ қавӣ гардонем ва имиҷи Тоҷикистонро ба ҳайси кишвари истеҳсолкунандаи либосҳои босифат дар хориҷа баланд нигаҳ дорем”.

“Ортекс” ба Ҳукумати Швейтсария ва Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) барои фароҳам овардани имконияти иштирок дар намоишгоҳи ITMA сипос мегӯяд, чун раҳбарияти ширкат дар он ҷо бо истеҳсолкунандаи ин таҷҳизот вохӯрда, барои харидории он шартнома баст.

DSC_0212

“Ортекс” дар соли 2010 таъсис ёфта, либоси пахтагин истеҳсол мекунад ва онро умдатан дар дӯконҳои брендии худ ба фурӯш мебарорад. Корхона ба истеҳсоли куртаву шим, пиҷак ва дигар либосҳои мардонаву кӯдакона аз матоъи ҷинс ва махмал барои чаҳор фасли сол машғул аст. Дар соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 истеҳсолоти ширкат 15% ва фоидааш 20% боло рафт ва ширкат афзоиши истеҳсолот, содирот, ва фоидаашро ба  ҳамкорияш бо МТБ алоқаманд медонад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s