International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саноати ресандагӣ. Чаро иқтидорҳо кам истифода мешаванд?

Leave a comment

Тавре Сарвари давлат моҳи октябри соли гузашта дар мулоқот бо саноатчиёни кишвар иброз доштанд, дар кишвар 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди беш аз 80 ҳазор тонна нахи пахта бунёд шудааст. Бо вуҷуди ин, тайи ду соли охир дар ҷумҳурӣ мутаносибан 30 ва 43 ҳазор тонна нахи пахта коркард гардид. Як сабаби мавриди истифода қарор нагирифтани қариб нисфи иқтидорҳои мавҷуда он аст, ки ҳамагӣ чор корхонаи ресандагӣ пурра фаъолият мекунад. «Чаро?»-ҳои дигар моро водор сохтанд, ки вазъи печидаю мураккаби соҳаро дар ҳамдастӣ бо коршиносон баррасӣ намоем.

33 ДАРСАД ПАХТА КОРКАРД ШУД, АММО…

Чор корхонае, ки бо силсилаи (сикли) пурра фаъолият дорад, Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» – и шаҳри Душанбе, ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», «Ҷавонӣ» ва «САТН» – и шаҳри Хуҷанданд. ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” ва ҶСК “Бофандаи Норак” бошанд, се силсилаи коркард доранд. 12 корхонаи боқимонда танҳо ришта мебарораду халос. Яъне, онҳо бо рангзанӣ, матоъбофӣ ва дӯхти он, умуман, машғул нестанд. Ҳол он ки ҳадафи ниҳоӣ аз бунёди ин корхонаҳо афзун кардани истеҳсоли мол аз ашёи хоми маҳаллист.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли гузашта истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ 403 ҳазор тоннаро ташкил дод. Аз 306 ҳазор тоннаи он қариб 103 ҳазор тонна нахи пахта гирифтанд. Аз ин миқдор 43,6 ҳазор тоннаашро корхонаҳои ресандагӣ коркард намуда, 22,4 ҳазор тонна ришта бароварданд. 18,5 ҳазор тонна ришта содирот гардида, фақат аз 3,9 ҳазор тоннааш матои тайёр, маҳсулоти кешбофӣ ва ҷуроббофию дӯзандагӣ истеҳсол шуд. Дар манзари иқтидору имконият ва талабот ин нишондод хеле паст аст. Худ қазоват кунед, ки аз 103 ҳазор тонна нах корхонаҳои ресандагӣ танҳо 33 дарсадашро коркард кардаанду халос.

Ғайр аз ин, наздики 65 дарсади риштаи дар кишвар истеҳсолшуда хизмати корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» мебошад. Ба 17 корхонаи дигар истеҳсоли танҳо 35 дарсади ришта рост омад, сабаб чист?

“ФОНДИ ГАРДОН САРГАРДОНАМОН КАРДААСТ”

Коршиносон бо силсилаи пурра фаъолият накардани корхонаҳои ресандагиро ба набудани фондҳои гардон, яъне маблағи зарурӣ надоштани онҳо барои харидани ашёи хом ва ба ин васила тавсеа бахшидани истеҳсолот рабт медиҳанд. Ин дар навбати худ на танҳо дар ташкили кори ду – себастии корхонаҳои ресандагию бофандагӣ ва кешбофию дӯзандагӣ мушкил пеш меорад, балки боиси аз фаъолият мондани онҳо низ мегардад.

Ба таъкиди мутахассисон ва тибқи технологияи ресандагӣ, дар анбори ҳар корхона бояд захираи ду – се моҳаи ашёи хом мавҷуд бошад. Барои фаъолияти муназзами корхона ба ҳисоби миёна моҳе 300 тонна нахи пахта лозим аст. Пас, оё соҳибкорон қудрати харидани 900 тонна нахи пахтаро ба маблағи 15 миллион сомонӣ доранд?

Директори ҶДММ “ХИМА Текстил” – и ноҳияи Ёвон Хайём Қулов мушкилоти корхонаро чунин шарҳ дод:
– Бинобар нокифоягии маблағҳои гардон наметавонем корхонаро бо ашёи хом таъмин созем. Ба ибораи дигар, набудани фонди гардон саргардонамон кардааст. Бо ин сабаб, соли гузашта 6 моҳ кор накардем. Мутаассифона, аз бонк қарз ҳам гирифта наметавонем, зеро фоизҳои қарзӣ ниҳоят баланданд. Фоида хароҷотамонро намепӯшонад.

Ба гуфтаи соҳибкорон, бонкҳои тиҷоратии кишвар барои корхонаҳои истеҳсолӣ қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ҷудо намекунанд ё бо фоизи ниҳоят баланд медиҳанд. Фоизи солонаи қарзии бонкҳо аз 20 дарсад болост. Корхонаҳои ресандагие, ки иқтидорҳои истеҳсолиашонро пурра истифода бурда наметавонанд, ҳамагӣ 5 – 8 дарсад фоида мегиранд. Пас, кадом соҳибкор бо чунин фоидаи ночиз хоҳиши гирифтани қарзи миёншикан мекунад?

Зимнан, фоизҳои баланди қарзии бонкҳо чанд сол инҷониб боиси нигаронии соҳибкорони ватанӣ гашта, охири соли гузашта дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҷониби раиси он Шукурҷон Зуҳуров мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд. Шояд имсол низ бонкдорон сари яке аз рисолатҳои асосии худ – дастгирии молиявии истеҳсолгарони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, андеша менамоянд?

АЗ ХОҶАГИҲОИ “КАРЛИК” БА ИТТИҲОДҲО ГУЗАРЕМ?

Дар иртибот ба нарасидани маблағҳои гардон сармутахассиси раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Содиқ Исмоилзода аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани фонди маблағгузории корхонаҳои ресандагиро зарур мешуморад. Ҳамзамон, пешниҳод менамояд, ки барои таъмини кори мунтазами корхонаҳо ҳамкории шарт-номавии сеҷонибаро миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ё корхонаҳои коркарди пахта, бонкҳои давлатӣ ва корхонаҳои ресандагӣ ба роҳ мондан лозим аст. Яъне, корхона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар асоси шартнома нах мегирад. Бонк ҳамчун кафил сари вақт пардохтани маблағи онро назорат мебарад. Дар акси ҳол маблағро ситонда, ба соҳиби пахта бармегардонад. Аммо ин ҷо мушкили дигаре ҳаст. Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд бошанд ҳам, аксарашон 3 – 5 гектар замин доранд ва як кам пахта истеҳсол мекунанд.

– Марҳилаи нави рушди соҳаи кишоварзӣ талаб менамояд, ки аз хоҷагиҳои деҳқонии 3 – 4 – гектараи пахтакор ба ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ гузарем, ки дар ихтиёр на камтар аз 500 – 600 гектар замини пахта дошта бошанд. Фоиданокии онҳо аз хоҷагиҳои хурди (“карлик” – и) имрӯза даҳҳо маротиба бештар аст. Дар онҳо даҳҳою садҳо хоҷагии деҳқонии пароканда ба ҳам меоянд. Ин муттаҳидӣ ба хариди техникаи киштукор, ҳосилғундор, нуриҳои минералӣ ва ғайра, ки хоҷагиҳои имрӯза ҳатто орзу карда наметавонанд, шароит фароҳам меорад. Дар фурӯши пахта ҳам иттиҳодияҳоро мушкиле пеш нахоҳад омад, – гуфт С. Исмоилзода.

АЗ НАРХИ БАРҚ ТО НАРХИ МОЛ

Гаронии нархи қувваи барқ паҳлуи дигари масъала аст, ки боиси нигаронии соҳибкорон гардидааст. Ба андешаи аксари мутахассисон, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, нархи неруи барқ барои корхонаҳои истеҳсолӣ 65,06 дирам мебошад, ки дар қиёс ба дигар мамлакатҳои минтақа хеле баланд аст. Барои мисол, он барои корхонаҳои истеҳсолӣ дар Ӯзбекистон 45,6, Қирғизистон 29,1 ва Туркия 40,74 дирамро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи соҳибкорон, ин омил ба боло рафтани арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад. Ба ҳисоби миёна қариб 20 фоизи арзиши аслии молро танҳо нархи барқ ташкил медиҳад, ки басо гарон аст. Аз ин рӯ, коршиносон бар онанд, ки дар давраи тобистон, ки талабот ба неруи барқ камтар мешавад ва имкони зиёд истеҳсол намудан низ ҳаст, нархи барқ барои корхонаҳои истеҳсолии ресандагӣ то 50 дарсад арзон карда шавад. Ҳадди ақал ин шароитро барои корхонаҳое, ки иқтидор доранду маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол менамоянд, муҳайё сохтан лозим аст.

Шояд Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ки дар ҷумҳурӣ пешбарандаи сиёсати нархгузорист, якҷо бо ширкати холдингии «Барқи тоҷик» дар ҳалли ин мушкил илоҷе меёбанд?

“АСРОР” – И НУҲУФТАИ ИМТИЁЗҲО

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди истеҳсолоти ватанӣ, афзунсозии иқтидори содиротӣ ва дастгирии соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешад. Муқаррар намудани имтиёзҳои гуногун далели гуфтаҳост. Тибқи моддаи 313 – и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои навтаъсиси амалкунанда аз 6 намуди андоз озоданд. Аз 18 корхонаи ресандагӣ 12 корхона барои бунёд намудани силсилаҳои навбатӣ аз ин имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархӯрдор буд. Аммо ин имтиёзҳо монеаи ноаён ҳам доштаанд, яъне бозпас гирифтани андозҳо бо ҷаримааш, ки корхонаҳоро бо мушкилӣ рӯ ба рӯ кардааст. Аз ҷумла, корхонаҳои истеҳсолии «Неку Хуҷанд», «Спитамен Текстайлз», «Олим Текстайлз» ва «ХИМА Текстайлз», аз таъсири буҳрони иқтисодӣ силсилаҳои навбатиро сохта натавониста, аз имтиёз маҳрум гаштанд.

Содиқ Исмоилзода, масъаларо чунин шарҳ дод:
– Мувофиқи талаботи қисми 7 – и моддаи 313 – и Кодекси андоз дар сурати насохтани силсилаи навбатӣ имтиёзи корхона қатъ гардида, андоз бо ҷаримааш бозпас гардонда мешавад. Ҳол он ки дар моддаҳои 169 – и Кодекси андоз ва 345 – и Кодекси гумрук ҳамин имтиёзҳо бидуни ҷарима пешниҳод шудаанд, яъне дар қонунгузорӣ мухолифат вуҷуд дорад. Бинобар ин, хуб мешуд, ки монеаҳои мавҷуда аз байн бардошта, қисми 7 – и моддаи 313 аз Кодекси андоз хориҷ карда шавад. Зеро имтиёз барои фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ пешниҳод мегардад. Ҳамин печдарпечиҳо боиси дилсардии аксари роҳбарони корхонаҳо гардидаанду соҳибкорон дигар ба гирифтани имтиёз ҳавасманд нестанд.
Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, оид ба ин масъала чунин андеша баён намуд:- Мутобиқи моддаи 313 – и Кодекси андоз корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда доир ба бунёди объектҳои ҳар силсила ва ба кор андохтани онҳо бояд ба вазоратҳои молия ва саноат ва технологияҳои нав, ки мақоми назоратӣ доранд, маълумот пешниҳод мекарданд. Аммо кор ин тавр нашуд. Корхонаҳо саҳлангорӣ карданду вазоратҳо ҳам дар марҳилаи аввали ҳам иҷро нагардидани талаботи имтиёз корхонаҳоро аз он маҳрум насохтанд. Бо ин, қарори Ҳукумати мамлакат ҳам аз ҷониби корхонаҳо ва ҳам аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа иҷро нагардид ва оқибаташ гарон омад.

Барои мисол, ҶДММ “ХИМА Текстайлз” соли 2010 имтиёз гирифт, ки беш аз 500 ҳазор сомониро ташкил дод. Вале бо сабаби иҷро карда натавонистани талаботи он, соли 2017 бо қарори муштараки Кумитаи андоз ва Вазорати молия маблағи имтиёзҳои истифодашуда бо фоидаю ҷаримааш (ба маблағи зиёда аз 1 миллиону беш аз 400 ҳазор сомонӣ) аз нав ҳамчун қарзи корхона ҳисоб карда шуд, ки то ҳол пардохт нашудаасту ба болои он ҳамвора маблағ зам мегардад. Чунин ҳол “миён” – и корхонаи калонро ҳам шикаста метавонад.

ЧАРО ФОИДАИ ПАХТА АЗ ВАТАНИ ПАХТА БЕРУН РАВАД?

Чуноне аз таҳлили вазъи мавҷуда бармеояд, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва мавҷуд будани дигар бартариҳо тараққӣ додани соҳаҳои ресандагиву бофандагӣ ва дӯзандагиву кешбофӣ, яъне аз нахи пахта васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ иқтидорҳо хеле зиёданд, аммо онҳо ба таври кофӣ истифода намегарданд.

Бино ба таҳлилҳо, иқтидори мавҷудаи соҳаи ресандагӣ имконият медиҳад, ки на танҳо 80 ҳазор, балки то 100 ҳазор тонна нахи пахта дар дохили кишвар коркард шавад. Вале алҳол аққалан миқдори ками риштаи пахтагии дар мамлакат истеҳсолгардида то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намешавад. Соли гузашта аз 22, 4 ҳазор тонна ришта танҳо 3,9 ҳазор тоннааш то маҳсулоти ниҳоӣ коркард шуд, ки ҳамагӣ 17 фоизро ташкил медиҳад. Фоидаи то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани нахи пахта нисбат ба содироти он 5 – 7 маротиба зиёдтар аст. Пас, магар равост, ки фоидаи пахта аз ватани пахта берун биравад?

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s