International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраи омӯзиши тарроҳӣ ва либосдӯзии замонавӣ дар Донишгоҳи технологӣ

Leave a comment

Нӯздаҳ мутахассиси соҳаи мӯд ва дӯзандагӣ аз муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон давраи омӯзишии дӯзандагии “Тарроҳӣ ва дӯхти либос: пероҳан ва доман”-ро бо истифода аз технологияҳои замонавии тарроҳӣ бомуваффақ хатм карданд.

DSC_0119

Ин тренинг барои тренерон (ToT) дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин давраи омӯзишӣ аз 3-юм то 15-уми феврали соли 2020 дар Маркази омӯзишӣ – таълимӣ оид ба дӯзандагӣ дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкории наздик бо ин донишгоҳ амалӣ шуда, онро коршиноси варзидаи ширкати сингапурии Textile and Fashion Industry Training Centre International (TaF.tc International), хонум Сю Ли гузаронид.

Ин давраи омӯзишӣ ҳам назария ва ҳам амалияи тарроҳии либос ва дӯхти онро фаро гирифт. Иштирокчиёни он дӯхтҳои гуногуни либосро мувофиқ бо тарроҳии мӯди замонавӣ омӯхтанд ва тарроҳиву дӯхти гуногуни пероҳану доманҳоро таҷриба карданд.

Ба иштирокчиёни давраи омӯзишӣ донишҳои лозимаи андозагирӣ ва мувофиқсозии андозаи либосҳо омӯзонида шуд. Раванди тарроҳӣ ва дӯхти либос, аз ҷумла дӯхтани кунҷу канорҳо, хатҳои рост ва пурра такмил кардани либос қадам ба қадам ба иштирокчиён таълим дода шуд.

20200206_162549

Ҳангоми дарсҳо аз методҳои гуногуни таълимӣ истифода шуда, дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба хатмкардагон гувоҳнома супурда шуд. Ширкати Fashive Singapore ҳамчунин портали электронии омӯзиши дӯзандагиро низ омода карда, ба ихтиёри иштирокчиёни давраи омӯзишӣ мегузорад, то аз имкониятҳои омӯзиши рақамӣ низ дар оянда истифода баранд.

Ин давраи омӯзишӣ ба иштирокчиёнаш имконияти фавқулодае барои сайқал додани маҳорату дониши тарроҳӣ ва либосдӯзиро фароҳам овард, ки онҳо баъдан ин донишҳоро ба шогирдону ҳамкорон ва кормандонашон интиқол хоҳанд дод. Интизор меравад, хатмкардагони ин барнома дар Маркази омӯзишӣ- таълимӣ оид ба дӯзандагӣ, ки соли 2019 аз ҷониби ДТТ бо дастгирии МТБ таъсис ёфтааст, давраҳои омӯзишӣ баргузор намоянд. Маркази мазкур дар ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории беҳтару қавитар миёни соҳа ва муассисаҳои таълимӣ нақши муҳимро хоҳад бозид ва соҳаро бо нерӯи кории таҳсилдида таъмин хоҳад кард.

20200206_143908

Маркази тиҷорати байналмилалӣ бо мусоидати Ҳукумати Швейтсария ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида мешавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s